Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман намехоҳам, ки ту ба ҷангу хок ғўтида, дар офтоби сўзон азоб кашӣ, — раҳмдилӣ мекард Батош. — Ҷони гулгулдон. Ту танҳо ба идора мезебӣ.

— Ту чӣҳо гуфта истодаӣ, акаи Батош? — ҳайрон шуд Фотима.

— Наход нафаҳмӣ?

— Фаҳмидан ҳам ҳар хел мешавад.

— Кушоди гап ҳамин, ки ман туро дӯст медорам. Аз ҷонам зиёдтар дӯстат медорам. Чӣ хоҳӣ, муҳайё мекунам. Хоҳ аз қаъри баҳр, хоҳ аз осмони ҳафтум! Фақат илтимос, ҷонакам, маро он қадар азоб надеҳ.

— Чӣ-й?! Оё аз зану фарзандонат шарм намедорӣ?

— Онҳо кайҳо нестанд! — зуд гапи Фотимаро бурид Батош. — Ба қишлоқи падараш ҳай кардам. Дигар қадам намемонад ба ин тараф. Ҷонакам, барои ту аз баҳри ҷаҳон мебароям!

— Нағз медонӣ, ки ман номзад дорам. Одами бегона не, писари амаки худат...

— Якумаш, ӯ ба ман амакбачаи ӯғай, дуюмаш, чашми дидан надорам, — маккорона имою ишора намуда давом кард Батош. — Туро, ки ҳурмат накард, қаҳрам омад, ҷонам.

— Мо ҳамдигарро дӯст медорем! — ҷиддӣ гуфт Фотима.

— Чӣ, ҳамдигарро дӯст медоред? Ӯ ҳам туро дӯст медорад?

— Албатта!

— Агар дӯст дорад, ба духтари дигар дил мебандад? Дониста мон, нодон, то сираш ошкор нашавад, худро ба фронт нависонд. Ту беҳуда таъриф карда мегардӣ, ки гӯё ихтиёрӣ ба фронт рафта бошад.

— Дурӯғ! — аз қаҳр ларзид Фотима.

— Дурӯғ? Ҳозир-дня, ҷонакам, ҳозир... — аз бағалкашаш ҳамёнашро бароварда сурате нишон дод Батош. Дар сурат Фаррух ҳамроҳи дугонааш Шаҳодат акс ёфта буд. Фотима суратро дида, як қад парид, дилаш суст гашта, худро қафо кашид. — Ма, гир, ба ту тӯҳфа!

— Аз кӣ гирифта бошӣ, ба худаш деҳ.

— Ту бовар кардӣ, ки ба фронт ихтиёрӣ рафт? Маҷбур шуда рафт!

— Бовар намекунам!

— Ба ин ҳам бовар намекунӣ? — суратро намоиш дод Батош.

— Ҳа, ба инаш ҳам бовар намекунам! — Фотима аз камоли ғазаб ҳамин тавр гуфту лекин дилаш ғаш кард

пешина
аз 323
навбатӣ