Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

монд. Ҳақиқатан, чӣ маъно дорад ин сурат? Наход дугонааш Шаҳодат хиёнат карда бошад? Наход Фаррух ба ду кас дил баста бошад? Ҳамаи мактубҳояш пур аз садоқат, пур аз муҳаббати пок буданд-ку? Ҳатто дар мактубҳояш лаҳзаҳои ширини назди Кӯшҷанорро ба хотир меовард, илтимос менамуд, ки ҳангоми зиёрат кӯзаи ӯро низ аз об пур карда барад. «Он рӯзе, ки бо ғалаба бармегардем, тӯямонро дар таги Кӯшҷанор мегузорем», — чунин навишта буд Фаррух дар мактуби охиринаш...

— Ма, ба ҳар ҳол гирифта мон, як рӯз даркор шуданаш мумкин, — суратро ба сӯи Фотима ҳаво дод Батош.

— Медонам, ту беақл нестӣ. Имшаб хаёл кун. Ба ман пагоҳ омада мегӯй. Фаромӯш накун, ки фақат бо ман бабахт шуда метавонӣ. Бо ман!

— Беҳуда овора нашав!

— Дониста мон, ман қасам хӯрдаам. Ман ба мақсадам нарасам, ту ҳам ба мақсадат намерасӣ!

— Бо қасам ба орзу намерасад кас.

— Чанори муқаддас моро ба орзу мерасонад!

— Чонакам, чанорат пӯк аст. Реша надорад! — заҳрханд карда монд Батош. Вале аз дур ходими комиссариати ҳарбии ноҳияро дида, худро зуд ба канор гирифт. Фотима суратро аз пеши пояш гирифта, хуб синча карда дид. Ҳамон! Чизе гулӯгираш шуду чашмони зебояш ашкшор шуданд. Гирист, аламангез гирист, то холии шудани дилаш гирист...

Бо ҳамин Фотима қариб як ҳафта болини бемориро тарк карда натавонист. Бо вуҷуди беморӣ ва хастагӣ Фотима ҳар рӯз ду кӯзаи пур аз об Кӯшҷанорро зиёрат мекард. Худро тасаллӣ медод, умед мекард, ки меҳри чанор Фаррухро ба хиёнат кардан намегузорад. Ҷанговарони мо душманро таъқибкунон пеш мерафтанд. Музаффариятҳои нав ба нави онҳо ҷанговарони фронти меҳнатро қувваю илҳом мебахшиданд. Ана ҳамин рӯзҳои пуршиддат Фотима аламашро аз кор гирифт. Дар радио таъриф карданд, сураташ дар рӯзнома баромад. Дере нагузашта ӯро сардори звенои пахтакорӣ таъин карданд. Баъд сардори бригада.

Беҳуда намегӯянд, ки меҳнат одамро аз ғам дур мекунад. Фотима худро хеле дошта гирифт. Вале ҳар боре ки кӯза дар даст сӯи Кӯшҷанор қадам мезад, ғамаш нав мегашт. Хусусан, хирагии Батош ба ҷонаш мерасонд.

— Ҳар ҳам гӯш дорад, саг ҳам овоз! — Рӯзе аз камоли ғазаб ҳамин тавр ҷавоб дод.

— Ӯх-хӯ, сардор шуда худатонро гум кардед-ку, хонум?

пешина
аз 323
навбатӣ