Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Бай-бай-бай! — пичинг кард Батош. — Майлаш, «ноз кун, ба нозбардорат кун», гуфтаанд. Нозҳои шумо марҳами ҷони мо, ҷонам. Ҳа, шумо ҳар чӣ гӯед ҳам, ман шуморо озор намедиҳам. Танҳо нағзӣ кардан мехоҳам, — каме қадам зада оҳанги пичингашро хомӯш карду боз ба «ту» гузашт Батош: — Ба ҷӯранам гуфтаам, туро таъриф мекунад. Ҳам ба газетаи районӣ менависад, ҳам ба газетаи вилоятӣ.
— Ман мӯҳтоҷи таъриф нестам! — бо ҷаҳл қанори пур аз пешдомаиро рост ба китфаш бардошта, ба роҳаш рафт Фотима.
— Исто, исто! Ман боратру барам! — аз қафояш се-чор қадам пеш рафт Батош. Фотима ҳарфе назад, ба қафояш ҳам нанигарист. Батош маънидорона табассум карда монд...
Шаҳодат дугонай нағзтарини Фотима буд. Баъд аз хатми мактаб ба шӯъбаи ғоибонаи техникуми савдо дохил гардид. Ба Фотима ҳам ҳамин хел маслиҳат дод. Аммо Фотима касби падарро ихтиёр кард. Дар саҳрои васеъ аз ҳавои тозаю насими форам нафас кашида, бо духтарон замзама карда гаштанро ҳузури ҷон медонист. Ба замми ин обрӯ ва шарафи пахтакорӣ!
Ҳамин тариқ, ҳар ду саргарми кор шуданду аз ҳоли ҳамдигар бехабар монданд. Бо вуҷуди ин Фотима дугонаашро ду маротиба хабар гирифт. Аммо Шаҳодат наомад, ҳатто телефон накард. Рости гап фурсати омадан надошт. Фотима ҳам ба ин эътибор надода буд. Лекин воқеаи сурат ӯро ба ҳайрат овард. Гумон кард, ки дугонааш ба девори муҳаббати ӯ рахна андохтанист. «Об аз таги коҳ мерафтаасту ман дар ғафлат будаам», — аз дил гузаронд Фотима. Ҳол он ки Шаҳодат низ дар оташи таҳқиру маломат месӯхт.
Рӯзе Фотимаро ба комиссариати ҳарбии район чеғ заданд. Гуфтанд, ки се моҳ ин ҷониб ба мактубҳои Фаррух ҷавоб намегардонидааст. Фотима гуфт, ки ман ҳам се моҳ ин ҷониб ба мактубҳоям ҷавоб намегирам.
— Ба шумо як маслиҳат, — гуфтанд ходимони комиссариат, — ин навбат мактубатонро аз почтаи қишлоқи дигар партоед. Ба ягон одами боваринок фармоед, бурда партояд. Ана ҳамин сирро ошкор карданаш мумкин.
— Хӯб, — розӣ шуд Фотима, — аз қишлоқи дигар ҳам мепартоям, аз шаҳр ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё