Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Фотимаро тамоми шаб хоб набурд. Охир ба хулоса омад, ки ҳалли ҳамаи ин муамморо фақат сурат ҳал карда метавонад. Аз ин рӯ, назди Шаҳодат раҳсипор гардид. Дугонаашро на дар кор ёфт ва на дар хона. Аз ҳамсоя фаҳмид, ки ӯ ду моҳ ин ҷониб дар беморхона.
— Сабабаш чӣ мешуд? — гуфт дар ҷавоби саволи Фотима пиразани шаккоке. — Бо писари раис Тоҳиру Зӯҳро буданд. Ба наздикӣ тӯй мешудагӣ буд. Чашм расид. Шаҳодат хушдоре доштааст. Бо ӯ ба сурат фаромадааст. Аммо Шаҳодат қасам мехӯрад, ки бо ҳеҷ кас сурат нагирифтааст. Аммо ба гапаш домодшаванда бовар накардааст. Фотиҳаҷудо шуданд. Ба духтар аз ин ҳам шармандагии зиёд ҳаст магар? Замони пеш мешуд, худашро меовехт.
— Агар худаш розӣ нашуда бошад, чӣ хел ҳар ду ба як сурат фаромадаанд? — озмоишкорона пурсид Фотима.
— Э, содда будай ту, духтарам, — лабханд кард пиразан. — Кирраи даҳсӯмаро нишон диҳӣ, ин суратчиҳо чӣ номаъқулиҳо намекунанд... Хушдораш одами серпул бошад, сурат он тараф истад, худи суратчиро харида метавонад. Агар дугона бошӣ, рафта насиҳат кун, беҳуда ҳафа нашавад. Шавҳар ёфт мешавад, аммо саломатӣ ёфт намешавад. Худат ҳам парешонҳол менамой, мабодо касал нестӣ?
— Не, холаҷон, ман саломатам. Дугонаамро чанд вақт ин ҷониб надида будам...
— Ин тавр бошад, дар вақташ омадӣ. Рав, духтарам, аз паи дугонаат шав. Айбу номус ниҳоят ганда. Одам ба дупула гап худашро нобуд карданаш мумкин. Худам ҳамон суратчиро медидам, гулӯяшро ҳафа карда мекуштам...
«Ҳа-а, ин кори ҳамон аблаҳ, — аз дил гузаронд Фотима. — Ба ҳаёти дугонаам ҳам доғ фаровард ин нобакор. Шояд ба Фаррух ҳам фиристонда бошад».
Рӯзҳо, ҳафтаҳо гузаштанд. Мазракаи ғунучини пахта бо муваффақият анҷом ёфт. Бригадаи Фотима зиёда аз план понздаҳ тонна «тиллои сафед»-ро ба хазинаи давлат супурд. Ба замми ин комиссариати ҳарбии район хабар дод, ки пинҳонкунандаи мактубҳои дилдодаҳо ба даст афтод. Кори ӯ ба суд дода хоҳад шуд. Баъд аз ин мактубҳо чун мокуи бофанда рафту мекардагӣ шуданд. «Ҷонам, Фотимаи азизам! — навиштааст дар мактуби мухтасари худ Фаррух. — Ба остонаи Берлин наздикем. Он рӯз дур нест, ки бо ғалаба баргардем. Дар Кӯшча-нор садои карнаю сурнаи тӯямон баланд мешавад. Кӯшчанор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё