Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

моро болу пар мебахшад, сарамонро сила мекунаду ба мақсад мерасонад. Поянда бод Кӯшчанор, поянда бод муҳаббат!

Ёри ҷанговарат Фаррух».

«Кӯшчанор интизори маҳбуби ман аст,— навишта буд дар ҷавоб Фотима.— Тӯйи мо дебочаи тӯйи калон мешавад. Мулк обод, дилҳо шод, кӯчаҳо ид, хонаҳо тӯй мешавад. Тезтар ғалаба кун, бо рӯи сурху сари боло баргард, ёри азизам!

Ёри интизорат Фотима».

Аз Фотима хурсандтар касеро намебинад кас. Дилаш шод, қадамаш бардам, забонаш дароз. Шабу рӯз ханда меҳмони лабаш. Фақат рӯзҳо ба назараш дарозтар менамуданд. Охир, интизори кай рӯзро кӯтоҳ кардааст?!

...Фотима кӯзаҳоро беруни дар бароварда монду назди оина рафт. Қаду қоматашро намоиш дода, худро тамошо кард. Қарсашро кашида дурра баст, дурраро монда тоқӣ пӯшид, ба ҷои камзӯл жемперашро дар бар гирифт.

— Ҳа, ин қадар росту орост карда истодай, духтарам? Ягон домоди нағз ёфтӣ магар?— пурсид ҳазломез модараш Бибифазилат.— Бай-бай-бай, чашм нарасад, либоси нағз ба одами зебо чунон мезебад, ки... Илоҳо, домоди нағз вохӯрад-дия.

— Оё фаромӯш кардед, очаҷон, домодатон дар Кӯшчанор-ку. Пагоҳ ин ҷониб интизори ман,— хандид Фотима. Рӯзе рози дил гуфта буд Фотима. Аз ҳамон вақт Бибифазилат ҳам медонист, ки Кӯшчанор гуфта Фаррухро дар назар дорад духтараш.

— Кошки, домодамро дар хонаам медидам,— ба хаёли ширин фурӯ рафт модар.

— Мебинед, очаҷон, мебинед. Ба наздикӣ мебинед! — гуфт хандида Фотима.— Имрӯз-фардо ҷанг тамому тӯю тамошо сар мешавад.

Баъд кӯзаҳоро ба даст гирифта сӯи Кӯшчанор равон гашт.

Манзараи мавзеи Кӯшчанор ниҳоят зебо, дилкашу дилрабо гашта буд. Иқлими шифобахшаш ба тан қуввату ба ҷон роҳат мебахшид. Аммо намуди имрӯзаи Кӯшчанор хира ва ғамгин метофт. Шояд барои ин буд, ки навакак осмони софу беғуборро абрҳои сиёҳ пардапӯш намуда, гумбурроси даҳшатангези раъду барқ замину осмонро ба ларза оварда буд. Шамоли сахти чанголуд, аз

пешина
аз 323
навбатӣ