Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
пасаш борони сел одамро чашм кушодану нафас кашидан намемонд.
Фотима кӯзаҳоро аз об пур карда, мунтазири он буд, ки кай имконияти роҳ гаштан мешавад. Дам ба осмону дам ба атроф нигариста, чашмаш ба шахсе фаромад, ки пичаки пахтагиннашро саргирак карда, бо бераха саросемавор мерафт. «Ин хел пичакро фақат Батош мепӯшд.
Барои чӣ ба ин ҷо омада бошад ин аблаҳ? — дили Фотима ғаш кард.— Боз хостааст, ки пеши роҳи маро гираду сафсата хонад? Чаро ҳанӯз суд чеғ назадааст? Судро ҳам фиреб медиҳад ин рӯбоҳи маккор!..»
Борон монда, ҷо-ҷо пайраҳаҳо пайдо шуданд. Фотима кӯзаҳоро бардошта, қомати зебояшро рост кард ва роҳ даромад. Ба баландие расид, ки ҳар рӯз кӯзаҳоро айнан дар ҳамин ҷо ба замин монда, ба Кӯшчанор бо таъзим салом медод: «Салом, ёри вафодорам, Фаррух!
Пазмон шудӣ? Ман ҳам туро пазмон шудам». Имрӯз баробари болои баландӣ баромадан, ҳуш аз сараш париду кӯзаҳо аз дастонаш афтода пора-пора гаштанд...
Ҳайҳот! Чанор тоқа буд!
Фотима худро каме ба даст гирифта, ғалтону хезон сӯи чанор шитофт. Чашмонашро тез-тез молида, гаштаю баргашта менигаристу метохт. Вале бовар намекард. Ҳа, бовар намекард. Наздик расиду ҳуш аз сараш парид.
Охир, чанори Фаррух аз рӯи хок бехбур шуда буду дуртар аз он ҷо, дар ҷарӣ мехобид. Дар болои кундаи чанор ду хишти пухта боло ҳам меистод. Фотима хиштҳоро бо ғазаб ба сӯи ҳаво партофт. Лекин дар рӯи хишти дуюм конверте аз комиссариати ҳарбии ноҳия меистод. Ба як коғазча бо қалами сиёҳ сатрҳои зерин навишта шуда буданд: «Ҳамдардиамро қабул кун, Фотимаи азизам!
Беҳуда ғамгин нашав, дарахти пӯк мераваду ниҳоли нав месабзад».
Фотима коғазчаро пора-пора карда, партофту конвертро кушод... «Хати сиёҳ»! Аз Фаррух! Фотима бо тамоми овозаш чунон фарёд кард, ки мавзеи Кӯшчанор акси садо дод:
— Не! Не! Ту зиндаӣ, Фаррух!!!
...Фотимаро нисфи шаб ёфтанд. Фақат рӯзи дигар зӯран ба хонааш бурданд. Се шабу се рӯз дари хонаро аз дарун руст карда, ҳатто гиряю нолаи модарашро шунидан нахост. Охир, дарро шикаста даромаданд. Зани мӯяш сафед ва пажмурдаро дида, ангушти ҳайрат газиданд. Модар аз ҳуш рафт, хешон сӯи духтур давиданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё