Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамон-ҳамон шуду духтари сафедмӯй субҳи ҳар рӯз ду кӯза дар даст ба сӯи Кӯшчанор раҳсипор мегардад.

ДУ МОДАР

Собирахон ду духтарашро ба шавҳар бароварда, фарзанди кенҷааш Орифҷонро хонадор кард. Орифҷон дар хизмати ҳарбӣ буду келинаш Анора дар курси якуми институти педагогӣ таҳсил мекард. Ягона ҳамроҳ, ягона ғамбарораш наберааш Наргиси чингиламӯ буд. Гарчи се набераи дигар дошт, Наргис зеботар, ширинтар ва азизтар менамуд ба назараш. Зеро хуни нофаш дар ҳамин ҷо рехта, дар дасти худаш тарбия ёфтааст. Собирахон тамоми меҳру муҳаббаташро ба ороми ҷонаш Наргис бахшидааст. Булбули гӯё, қуввати дил, нури чашмаш меҳисобид набераашро. Ба хаёлаш пашша озор надиҳад ӯро. Ҳатто келинаш ҳақ надошт, ки аз бинӣ боло гап занад.
— Ҷон, келинҷон, — Анораро огоҳ мекард Собирахон, — оламро вайрон кунед, хонаро оташ диҳеду булбули маро озор надиҳед.
Субҳи нӯҳуми май буд. Понздаҳсолагии Рӯзи Ғалабаро ҷашн мегиранд. Чун ҳамеша хонаҳо тӯю кӯчаҳо ид буд. Аз чор тараф овози карнаю сурнай, оҳангҳои дилпазиру сурудҳои ҷонбахш ба гӯш мерасад.
Хурсандии Собирахон ҳам ҳадду канор надошт. Ӯ либосҳои идона пӯшидаю наберааш Наргисро ба китфаш савор карда, ба сайргоҳ рафтанӣ шуд. Гелос, ки ғарк пухта буд, ӯро аз роҳ дошт. Наберааш Наргисро ба зери дарахти гелос бурда гуфт:
— Кан, баҷан оча, кан! Нағз-нағзашро чин! Ҳо, ана ваяшро кан! Инашро ҳам гир — инашро ҳам! Ҳа, ана!..
Наргис дастчаҳояшро боло карда, гелос чинд. Якумашро ба даҳони очакалонаш андохт.
— Оҳ, ин қадар ширин? Ё дастчаҳои ту ширин-мӣ?
Акнун худат хӯр, баҷам, худат хӯр. — Наргисро баландтар бардошт Собирахон. — Ҳо, ана вай сип-сиёҳашро кан!
Чунон пухтааст, ки ҳаваси кас меояд.
Наргис ду-се дона гелос хӯрда гуфт:
— Бас, намехӯрам! Ба карнай бар, ба карнай!
— Хоб, ҷони оча, акнун ба карнай меравем, ба сурнай меравем...
Собирахон аз дари кӯча берун баромаду ба зани кулчарӯю миёнақад, бодомкавоку абрӯкамон дучор омад.

пешина
аз 323
навбатӣ