Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Зан тақрибан ҳамсоли худаш бошад ҳам, ё аз ҳусн кам нашуда буд, ё дар пардозу андоз маҳорати махсус дошт. Зеро намудаш арӯси бисту панҷ-бистушашсоларо мемонд. Аз табассуми тамасхӯромези зан дили Собирахон ларзид. «Ин мабодо ҳамон набошад? — зуд аз дил гузаронд. — Барои чӣ омадааст? Мабодо хонаю ҷой даъво карда наомада бошад?»
— Маро нашинохтед? — зӯракӣ лабханд кард зан.
— Ман...
— Аз афташ, чашматонро шира гирифтааст, — бо такаббур қош парронд ӯ. — Ба ҳавлиатон дароям майлаш?
— Марҳамат, марҳамат, дароед, — ба пеш гузашта гуфт Собирахон.
Собирахон ба суфа палос андохт, кӯрпача партофт. Зан ба кунҷи суфа амонат нишаста, чун одами бегона ба атроф бо чашми ҳайрат менигарист. Соҳибхона дар як фурсат ба назди меҳмон дастархони нозу неъмат орост. Наргис норозиёна ғирингос мезад ва дастонашро ба гардани очакалонаш ҳалқа карда, гаштаю баргашта «Хез, ба карнай меравем» гуфта зорӣ мекард.
— Канӣ, аз фатири гарм гиред, навакак пухта будам, — дар пиёлаи қирмизӣ чой дароз кард Собирахон. — Рӯзи ид, меҳмон омаданаш мумкин гуфта... Ризқи шумо будааст.
— Ин баҷаи кадомаш? — Наргисро гирифта бӯсидани шуд. Ӯ рӯяшро тофт.
— Набераи писарӣ.
— Ҳа-а, «набераи писарӣ» гӯед-а? Монанд, — оҳи пурдарде кашид зан. Ба фатир нимнигоҳ ҳам накарду фақат як култ чой нӯшид. Дар байни хомӯшӣ ҳукмрон гашт. Собирахон акнун бовар кард, ки ин зан ҳамон будааст. Ҳумор, Ҳумори сатанг! Ягон нохушие рӯй надиҳад гуфта хавотир шуд. Барои вайрон кардани хомӯшӣ баҳона ҷуст.
— Шумо баҳузур гирифта шинед, ман ба дег алов кунам.
— Лозим не. Шинед. Ман барои зиёфатхӯрӣ наомадаам, — гуфт Ҳумор абрӯяшро чармак карда. — Ман омадам, ки аз шумо пурсам: маънии модар чист.
— Маънии модар?
— Бале.
— Чаро надонам? Ман ҳам модар доштам...
— Шумо модар доштанатонро медонед. Аммо чӣ будани модарро намедонед. Модарро касе медонад, ки фарзанд карда бошад, дард кашида бошад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё