Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Шумо чиҳо гуфта истодаед?!
— Аввал якто зоидан даркор гуфта истодаам!
— Илтимос, маро таъна накунед! — дар ғазаб шуд Собирахон. — Чӣ гуноҳ дорам, ки фарзанд назоидаам?! — ҳунгос зада бо овози баланд гирист Собирахон. Наргис аз тарс худро ба оғӯши модаркалон партофта, дастчаҳояшро шофкунон ба Ҳумор нидо кард:
— Оҷаамро ҷанг накун! Бирав! Бирав!.. Хез, оҷа ба хона руст мешавем! Хез, хез!
— Ӯҳ-хӯ-ӯ, заб оҷаатро ёфтӣ-дия! Оҷаат ман!
— Не, не, ту не, ту оҷаам не! Ту ҷиннӣ! Ту ҷиннӣ! Рав аз хонаамон. Рав!
— Ҳа-а, — оташин шуд Ҳумор, лабҳои парсингбастааш пир-пир паридан гирифтанд. — Ҳоло ҳамин тавр?! Баковулони оши тайёр хӯҷаинӣ мекардетон-дия!
— Ҳафа нашавед, кӯдак чиро медонад? Аввалаш ин, ки шуморо намешиносад, — ашкашро пок карда фаҳмонданӣ шуд Собирахон. — Оҷа шуда як бор ба дидан наомадед, аҳволатон чӣ тавр гуфта напурсидед.
— Шумо ҳастед, кифоя. Ба бачаҳои тайёр муфтакак оҷа шуда, давру даврон ронда гаштед! — гарданашро дароз кард Ҳумор.
— Биёед буд, худатон давру даврон ронед буд!
— Биёям буд?! Туро ба кадом гӯр ҷо мекардам?! — ба «ту» гузашт Ҳумор.
— Ғами гӯри мана нахӯред! Ба ҳар кадомамон гӯр мерасад.
— Ба бачаҳо роҳ намедиҳед, ки аз аҳволи ман хабар гиранд! Аз ман рӯяшонро гардондӣ! Мефаҳмӣ ё не?! Ман модар ҳастам. Модар!
— Ҳа-а, ҳамин тавр-мӣ? — асабӣ шуда бошад ҳам, худдорӣ кард Собирахон. — Модар буданатонро акнун ба хотир овардед? Се кӯдаки бараҳнаю гуруснаро ба майли худ монда, бағали шавҳари навро афзал донистед! Ҳатто хаёл ҳам накардед, ки инҳо нобуд шуданашон мумкин! Чаро он вақт шумо хаёл накардед, ки модар ҳастед? Маншати худатонро гуфтеду гиряю нолаи кӯдакони бегуноҳро нашунидед. Ё ки шунидан нахостед. Ҳол он ки ба аҳволи инҳо мурғони ҳаво мегиристанд!
— Он қадар воҳима накунед!
— Воҳима накунам? Шабуши бачаҳоро кӣ тоза кард? Кӣ хӯронд? Кӣ пӯшонд? Кӣ хононд? Кӣ хонадор кард? Бо пулу чизи кӣ?! Шумо ҳатто хабар нагирифтед, ки инҳо зиндаанд ё не!
— Сад бор омада будам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё