Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Ҳа, дар ёдам ҳаст. Як бор омада, қолини кӯҳнаро гирифта рафтед. Бори дигар омада, сандуқро бурдед. Ҳол он ки онҳо мероси падари бачаҳо буданд.
— Ман мероси падари туро набурдаам! Чизҳои шавҳари худамро бурдаам! Ба ҳавлии тайёр «хӯҷаин» шуда гаштӣ, кифоя!
— Ман ҳавлиро ба сарам мезанам? Ба худи бачаҳо насиб кунад. Ман инҳоро бо пулҳои арақи ҷабини худ калон кардам. Ҳар сеяшонро маълумоти олӣ дор кардам. Шарофату Саломатро ба шавҳар додам, Орифҷонро хонадор кардам, созӣ...
— Қолинҳои калонро гирифта, мазза карда гаштӣ!
— Мебахшед, хонум, қолинро шумо медонед. Мо аз қолин созӣ шудаем. Ман ҳавлии аз модарам мондаро фурӯхта тӯй кардам. Шумо чӣ ҳамроҳ кардед? Ёрдам кардан он тараф истода, ба тӯй хабар кардам, наомадед. Чунки шумо рӯй надоштед, шарм медоштед. Забонамро хоронда чӣ кор мекунед? Ман ҳанӯз ягон бурда нонашонро нахӯрдаам. Нафақа мегирам, кифоя. Савобашон расад, шуд. Қадри инсонӣ ҳамин аст. Гапа бин-а! Ба ҷои раҳмат, тӯҳмат!
Ҳумор дигар ҳарфе назада, бо сари хам оби дида равон карду замин хат кашидан гирифт. Шояд пушаймон буд, ки бемаҳал омад ва беандеша гап зад. Собирахон Наргисро ба белинчак хобонда алла гуфт...
Сабуру Собира ҳамдигарро дӯст медоштанд. Аҳду паймон доштанд, ки ба як болин сар мемонанду ҳаёти хуш ба сар мебаранд. Афсӯс, ки тақдир ниҳоли орзуяшонро решакан кард. Падару модари Сабур гуфтанд, ки духтари холааш Ҳумор ба ӯ гаҳворабахш аст, аз аҳд гаштан аз инсоф нест. Ҳамин тариқ, Сабуру Ҳумор ҳамсар гаштанд. Собирахон азоби рӯҳӣ кашида, се сол шавҳар накард. Охир ба Ғаниҷон ном тракторчии колхоз ба шавҳар баромад. Ғаниҷон дар ахлоқу одоб, дар меҳнат ва одамгарӣ аз Сабур мондагӣ набуд. Дар муомила ва меҳрубонӣ андаке бартарӣ ҳам дошт. Дере нагузашта, дили Собирахонро ба худ гарм кард. Ба оилаи аҳл ҳаваси ҳама меомад. Бо вуҷуди ин Сабур аз лавҳи хотири Собирахон дур намерафт. Дидан мехост, тез-тез ба хобаш медаромад. Ноаҳлии оилаашонро шунида, ба изтироб меомад, афсӯс мехӯрд.
Ҷанг сар шуд. Сабур ихтиёрӣ ба фронт рафт. Баъди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё