Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
як моҳ Ғаниҷонро низ ба адои хизмат даъват карданд. Баъди як моҳ Собирахон «хати сиёҳ» гирифт. Лекин зани содиқ бовар накард. «Не, ӯ меояд,— мегуфт такрор ба такрор,— албатта меояд! Шояд хато шуда бошад...»
Ҳафтаҳо, моҳҳо гузаштанд, Собирахон ягон хушхабаре нагирифт. Бо вуҷуди ин бовариаш комил буд, ки шавҳараш имрӯз набошад, рӯзи дигар меояд. «Агар наояд,— гуфт Собирахон,— ман ҳам тоқа мегузарам! То абад азодорӣ мекунам!»
Ҷодари мотам ба сари Ҳумор ҳам фаромад. Баъди се рӯзи аз Сабур омадани «хати сиёҳ» азогирон кард. То чили мотамдорӣ кабӯд пӯшиду халос. Саҳл нагузашта куртаи атлас пӯшид, ба даст ҳино молидаю ба абрӯ ӯсма кашида, ба савдогарзанҳо ҳамроҳ шуд. Зиндагии сабук ақлашро бурд. Кӯдакони барахпаю гуруснаро ба ихтиёри модаршӯи пираш партофта, ба Остон ном савдогар ба шавҳар баромад. Ҳол он ки Остон бо зани сеюм зиндагӣ мекарду шаш фарзанд дошт. Пули бисёр дошту аз ҳеҷ як ҳарҷи калон наметарсид. Аз ин рӯ, Остон бағали Ҳуморро бо чормагзи пуч пур карда буд.
— Парво накунед, соҳибҷамол, дар сояи як мӯйлаби ман садҳо бачаҳо бемалол болу пар зада мегарданд! Ҳамагӣ сетояк бача доштеду...
Ҳумор ҳақиқатан рӯзҳои аввал бачаҳоро тез-тез хабар гирифта истод. Аммо ин меҳрубонӣ дур нарафт. Дер-дер меомадагӣ шуд. Сонӣ-сонӣ ҳафтаҳо, моҳҳо бедарак шуда рафт. Доғи фарзанд модаршӯро ҳам аз по афтонд, якчанд рӯз касали сахт шуду аз дунё чашм пӯшид. Бачаҳо бесаробон монданд. Агар ҳамсояҳо нағз намебуданд, чӣ мешуд аҳволи онҳо. Модар аз ин хабар надошт, хабар расонда бошанд ҳам, парво накард. Хотирҷамъ буд, ки ҳамсояҳо зинда бошанд, бачаҳо гурусна намемонанд. Ҳол он ки ба онҳо фақат хӯроку либос не, меҳрубонии модарӣ ҳам зарур буд.
Қариб як сол гузашт. Кӯдакон хеле азоб кашиданд. Нолаи онҳо то ба гӯши Собирахон расид. Ӯ сардори бригадаи пешқадами колхоз буду дар ҳаққаш очерку достонҳо чоп мекарданд, бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гашта буд. Бригадаи боғу токдорӣ, ки Собирахон сардорӣ мекард, ба ҷанговарони фронти Сталинград меваи бисёр савғотӣ фиристонда, ба ташаккурномаи фармондеҳии фронт мушарраф шуда буд. Собирахон обрӯю эътибори калон дошт.
Худи ӯ дар зиндагӣ ҳама чиз дошт. Фақат фарзанд надошт. Ҳамсояҳо насиҳат карданд, ки барои савоб одамон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё