Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

чӣ корҳоро намекунанд. Дар дунё аз сари ятимонро сила кардан кори хайре нест. Ин аз як тараф, аз тарафи дигар, ҳурмати маҳбуби нахустинаш Собирахонро водор намуд, ки тарбияи кӯдакони бесаробонмондаро ба зимма гирад. Бачаҳоро хӯронд, пӯшонд, хононд. Ҳамаи меҳру муҳаббаташро ба онҳо бахшид. Қисса кӯтоҳ, ҳақиқатан модарӣ кард. Бачаҳо низ ӯро модари ҳақиқии худ хонданд. Боре Ҳумор пайдо шуд. Бачаҳо аз ӯ рӯй тофтанд. Боз омада бошад ҳам, барои бурдани чизҳои боқимонда омада рафт. Аз ин нуздаҳ сол гузашт.

Собирахон набераашро хобонда, дар тагорача сабзию пиёз овард ва дар рӯ ба рӯи Ҳумор нишаста, ба ошпазӣ тайёрӣ медид. Дар паҳлӯяш рӯмоле меистоду ҳар замон пашшаи Наргисро бод мекард. Ҳумор ҳанӯз бо сари хам замин хат мекашиду дафтари додгори ҳаёташро варақ мезад. Собирахон фикрашро парешон кардан нахост.
Умедвор шуд, ки Ҳумор хатоҳои худро мефаҳмад ва гапгузарониҳои бефоида ба сӯҳбати хоҳарона табдил меёбад. Хизматҳояшро фаромӯш накунанд, шуд.

— Саратонро бардоред, хоҳарам, — хомӯширо вайрон кард Собирахон.— Нон хӯред, чой нӯшед. Вақти наҳории ҳам гузашт, — ҷон пиёларо партофта, аз нав чой кашида дароз кард. — Гиред, чой гарм. Гарм-гарм хӯред, асабатон ором мегирад. Имрӯз — рӯзи ид. Як бурдаякак аз ин фатир гиред. Ҳозир дар як фурсат як даҳонакак ош мепазам, ҳар дуямон...

— Уфф... — Ҳумор сарашро бардошта чизе гуфтани шуду гирья гулӯгираш шуд.

— Ману шумо духтарча нестем. Сафедию сиёҳиро фарқ карда метавонем. Чӣ лозим ғуссаи бисёр? Акнун фоида надорад. Ба гузашта салавот! Агар даркор бошад, мана хонаю чой, мана бачаҳо. Хизматамро ҳайф намедонам. Чор кас гӯяд, ки ту кори савоб кардӣ, ҳаминаш бас.
Шунидам, ки аз вай шавҳаратон низ панҷ бача доштед.
Ҳашт нафар мешаванд. Ба ҳар ҳол шумо модар ҳастед.
Модар аз модар фарқ дорад.

Ҳумор чизе нагуфту фиқ-фиқ гиристан гирифт. Собирахон ҳам худро дошта натавонист. Ашкони саршор дар
чашмони зебояш ҳалқа заданд. То ки овозаш набарояд,
сабзию пиёзро гирифта, ба ошхона рафт. Зирбаки палавро тайёр карда, барои биринҷшӯй берун баромад. Баромаду Ҳуморро дар ҷояш надида ҳайрон шуд. Тозон ба

пешина
аз 323
навбатӣ