Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Дар кӯча баромад. Ҳуморро аз пасаш дид, ки хеле дур рафта буд. Ӯ ба сараш мушти надомат зада, бо овози баланд гирьякунон мерафт.
Собирахон аз пасаш дурудароз хаёл карда монд. Фақат овози наберааш Наргис ӯро хушёр карда тавонист:
— Чува мана ба карнай набурди, оҷа?
— Ҳозир, ҷони оҷа, ҳозир!
Собирахон Наргисро аз белинчак бардошту ба китфаш савор карда, аз нав ба зери гелос рафт.
НАБЕРАИ МИЧУРИН
Шипанги на он қадар калон, вале зебою барҳаво. Дар як тарафаш ҳавзи калон, дар тарафи дигараш гулзор.
Атрофи шипанг ва ҳавзро сиёҳбедҳо иҳота кардаанд.
Ғайр аз шипанг дар ду тарафи ҳавз суфаҳои лоин воқеанд, ки бо қолинҳои сурхи нимдошт рӯпӯш шудаанд. Аз рӯи эҳтиёт кӯрпачаҳо паҳн карда, лӯлаболиштҳо ҳам гузоштаанд. Дар болои онҳо якпахлӯ задаю чойи кабӯд нӯшида, манзараҳои зебо, анвои гулҳои рангбаранги хушбӯйро тамошо мекунед, завқ мебаред. Дуртар аз онҳо майдонҳои себу шафтолу, ноку биҳӣ, анҷирзору токзорро дида, гумон мекунед, ки гӯё ин макони шираю шарбат поён надорад.
«Хӯҷаин»-и ана ҳамин боғи машҳур Орифҷони сиёҳчурдаву қоматбаланд аст, ки фақат як дасту як пойи бутун дорад. Ҳайрият, дасти маҷрӯҳаш, бо вуҷуди набудани ду ангушт, қувваташро гум накардааст. Худ, ки боғайрату девкор аст, тамоми ташвиши ҳамин боғи калонро ба ӯҳда гирифтааст. Фақат дар рӯзҳои серташвиш зану фарзандон мададгораш мешаванд. Худи Орифҷон як сол — сесаду шасту панҷ рӯз аз дари боғ намебарояд.
Гӯё як нафас nabōшад, дарахтонашро кӯчонида мераванд. Шояд барои ҳамин бошад, мардуми деҳа шӯхиомез мегӯянд, ки Орифҷонро модараш гӯё дар ҳамин боғ таваллуд карда бошад.
— Мардум ин боғи колхоз намегӯянд, боғи Орифҷон мегӯянд. Орифҷон бо аъзоёни оилааш кор мекунад. Ба колхоз даҳҳо ҳазор сӯмина даромад медиҳад. Аз шираю шарбати меваҳояш тамоми мардуми як шаҳр баҳраманд мегардад,— мегӯянд роҳбарони колхоз. — Ӯ дар ин боғ ба худ таҳкурсии муҷассама тайёр мекунад...
Орифҷон мафтуни долу дарахт бошад, ман мафтуни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё