Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
хислатҳои наҷиби ӯ. Марди меҳнатӣ, серғайрат, одамдӯст ва ҳамешабаҳор. Одамро бинад, гул-гул шукуфта меравад. Барои ҳамин тез-тез меравам. Агар дертар равам, хафа мешавад. Нарафта монам, одам мефиристад. Мегӯяд, ки «шумо ҳақ надоред, маро фаромӯш кунед. Ҳар ду дар як ҷабҳа, паҳлӯ дар паҳлӯ истода душманро қир кардаем. Дар як вақт захмдор шудаем, дар як вақт аз фронт баргаштаем. Хислатамон ҳам як хел. Гӯё дуямон ду тори дуторем. Бояд то абад ҳамдарду ҳамнафас бошем». Рост мегӯяд, ман ҳақ надорам майли ӯро нораво донам. Ҳақиқатан, риштаҳои дӯстии мо бо хуни соф пайваста гаштааст.
Барои Сталинград ҷангҳо сахт давом мекард. Қисми мо дар муҳорибаҳои пай дар пай монда шудаю камқувват гашта, барои дамгирӣ ва пурра кардани сафи худ ба ақибгоҳ баргашта буд. Якчанд километр дуртар аз хатти якум дар як деҳаи калони озодшуда дам мегирифтем ва машқ мекардем.
Ротаи мо аз деҳае ҷой гирифта буд, ки ба теппаи васеъ мемонд. Аз афташ, замини ин ҷоро дар арафаи ҷанг аз худ карда буданд. Дар миёнҷо се хонаю дар паҳлуяшон оғилхонаю каҳдонҳо буд. Атрофи биноҳо себзор карда шудааст. Ниҳолҳояшон худи ҳамин сол ба ҳосил даромадаанд. Амро аз беобӣ сарҳаму пажмурда гаштаанд. Охир, соҳибонашон ду сол пеш партофта рафтаанд. Шояд, фриҷҳо себҳои калон-калонашро хӯрда, ниҳолҳоро лагаткӯб карда бошанд, баъзе ниҳолҳо аз миён шикастагӣ, сархам, зери по пур аз себҳои чалахӯрдаю шохаҳои шикаста.
Старшина фармон дод, ки хонаҳоро зуд саранҷом кунанд, роҳҳоро рӯбучин намоянд. Ҷанговарон аз пан кор шуданд. Дар фурсати кӯтоҳ намуди деҳа ба ифоқа омад.
Баъди машқи дусоата вақти хӯроки пешин шуд. Ҷанговарон мебоист баъди ғами шикамро хӯрдан бемалол дам гиранд. Мо, офицерон, дар як хонаи нимсӯхта дам мегирифтем. Баъзеҳо замзама мекарданд, баъзеҳо шавқманди сӯҳбати ширин буданд. Аз дар бо завқ хандида, старшинай чингиламӯ Степанов даромад.
— Мебахшетон, рафиқон офицерон, — гуфт ӯ аз хандаи худро доштаю ба паҳлӯи ман нишаста истода, — як гуноҳ кардам. Гӯям, майлаш?
— Шунавем.
— Ба наберан Мичурин се наряди ғайринавбатӣ додаму боз кашида гирифтам,— дуди сигареташро фаввора занонда давом намуд старшина: — Пагоҳ боз ба ҷанг

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё