Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
медароему нарядро кай иҷро мекунӣ, рав, ман нагуфтаму ту нашнидӣ гуфтам. Дуруст кардам?
— Э-э, ин шаб чӣ хел хобат мебарад? Қоматро модарат бо наряд бардоштагӣ-ку?
— Исто, ки кадом Мичурин? Ҳамон Мичурини машҳур? Пири боғпон?
— Не-е, ин набераи Мичурини Осиёи Миёна, — шарҳ дод Степанов.— Дар куҷо як бех дарахтро бинад, даҳонашро кушода, дар атрофаш парвона мешавад. Мехостааст фаҳмад, ки чӣ хел дарахт, ҳосил медарода бошад ё не.
Дирӯз пеш аз ҳуҷум фармон додем, ки ҳар як отделения барои худ заминкан созад. Снёҳаки осиёимиёнагӣ дарахтбуриро рад кардааст. Гуфтааст, ки «парронӣ майлаш, ман дарахт намебуррам». Гуфтанд, ки нағма накун, ин ҷо фронт. Гуфтааст, ки «авлоди мо савганди авлодӣ дорад, ҳар касе ба камол расад, фақат дарахт мешинонад, аммо дарахт намебуррад. Падарам аз дарё дар кӯза об кашонида, дар дашти сӯзон боғ бунёд кардааст. Боғро ба колхоз тақдим намудааст».
— Ин тавр бошад, мӯҳтарам старшинан наряддӯст, — ба китфи Степанов тап-тап зада давом намуд лейтенанти калонсол, — ба набераи Мичурин наряд не, орден гирифта диҳед. Фаҳмидед?
— Орден дорад. Медаль ҳам дорад, — гуфт Степанов.
— Сандуқи дилаш васеъ бошад, боз гирифта диҳед!
— Ҳақиқатан, ба қаҳрамонӣ ҳам меарзад. Ин сӯ биёед, мана бо чашматон бинед, — берунро ишора карда, моро сӯи худ имо кард Степанов.— Баробари дигарон мебоист рафта дам гирад. Ин одам бошад дарахтҳоро хорумол карда гаштааст.
Ба дар наздик шуда дидем, ки Ориф Олимов дар даст белчаи солдатӣ дар атрофи дарахтон парвона. Ӯ атрофи дарахтонро бо белчааш побел мекард, сангу хиштмайдаҳоро чида мепартофт, бо финкааш шохаҳои зиёдатиро бутта мекард. Баъд дар сатилҳо об кашониданро сар кард.
Аз дилам гузаронидам, ки баромада ёрӣ расонам. Ҳақиқатан ба «набераи Мичурин» гуфтан меарзидааст.
Фикр намекунад, ки бо як побел кардану об додани ӯ дарахтони маҷрӯҳ гашта ба худ меомада бошанд ё не.
Фалокат зада деҳа боз ба дасти душман гузарад, чӣ мешавад? Аз мевааш фриҷҳо мазза мекунанд?.. Не-е, Ориф боварӣ дорад, ки пойи нопоки душман дигар ба ин хок намерасад! Мурдорони бадтинатро то лонаи худашон сур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё