Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

карда мераваду чунон мачак мекунад, ки дигар сар бардошта натавонанд.
— Қоил. Аз ростӣ, набераи Мичурин барин,— ба гап ҳамроҳ шуд комрота — лейтенанти калон.— Исто, ки барои чӣ ба ҳамин гуна солдати аҷоиб наряд додӣ? Боз як неду не, се наряд!
— Солдатеро зада хуншор кард! — ҳозирҷавобӣ намуд старшина.
— Сабабаш?
— Як бех себро шикастааст.
— Дуруст кардааст, задааст. Ман мебудам, мепаррондам,— гуфт комрота.
— Ниҳоли хушкро шикаста буд.
— Нағз медонистӣ, ки ниҳол ҳақиқатан хушк буд?
— Вақти санҷиш набуд!
— Барои ҷазои ноҳақ доданат ба ту «хайф ба ту» эълон мекунам! — гуфт комрота.
— Рафиқ лейтенанти калон, задан мумкин не. Вай бояд ба командир шикоят кунад...
Комрота дар ғазаб шуда гуфт:
— «Хайфбатуи қатъӣ» эълон мекунам!
— Есть «хайфбатуи қатъӣ»...
Рӯзи дигар боз ба ҷанг даромадем. Қувваи нав, тадбир ва тактикаи нав... Бо як ҳамла деҳаи аз ҷиҳати стратегӣ ниҳоят муҳимро ишғол кардем. Ана, дар ҳамин ҷангҳо «набераи Мичурин» Ориф бори дуюм бо ордени Ситораи Сурх сарфароз гардид.
Ҷанг шиддат меёфт. Гитлерчиёни телбашуда зӯр зада, тамоми найранги худро сарф мекарданд, ки ҳуҷуми моро зада гардонанд. Аммо талафоти бисёёр медоданд-у ба қафо гаштан маҷбур мешуданд.
— Ба пеш, барои Ватан, барои ғалаба! — ҷарангос мезад фармони командир.
Ана, бо ҳамин нидо ҷанговаронро ба пеш кашидаму ба китфам тир расида қафонокӣ афтодам. Ҷанговарони мо «ура!» — гӯён пеш рафтанд, деҳаи дигарро ишғол намуданд. Ман якпаҳлӯ дар замин мехобидам. Ҳоло чизе гулӯгирам мешуду дардро ҳис намекардам. Зеро тамоми вуҷудам дар рафти ҷанг буд. Фақат баъди ғалабаи ҷанговаронамон дардро ҳис намудам. Бо як азобе ба сӯи медсанбат қадам задам. Ҷанговарон пеш рафта, медсанбат қафо монда буд.
Аз миёни шаҳр мерафтам, ки дар натиҷаи ҷангҳои сахт ба қабристони нообод табдил гашта буд. Ҳама вайрон, сӯхта хокистар шудаанд. Аз аксари биноҳо танҳо

пешина
аз 323
навбатӣ