Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
деворҳо мондаанд. Гӯё ин ҳам кам бошад, самолётҳои душман объекти муҳим гумон карда, бомбаҳои боқимондаашонро партофта мерафтанд. Яке аз бомбаҳо дар паҳлӯям кафида, хона барин хок болохез заду маро ба зери худ паҳш намуд. Сарам ва чанд ҷойи дигарам ба сӯзиш даромаданду ҳуш аз сарам парид...
Баъд аз чанд фурсате ба ҳуш омада, худро гӯё дар даруни кафан дидам. Фақат як дастам берун аз дока буд. Фурсате нагузашта боз аз ҳуш рафтам. Ҳангоме ба худ омадаам, ки барои ба госпиталь бурдани захмдорони вазнин навбат расидааст.
— Додарам, қарз ба қиёмат намонад, як чизро ба шумо гӯям, — гуфт захмдори сабуке, ки барои то поезд кашонидани захмдорони вазнин ба коркунони тиб ёрӣ мерасонд. — Шуморо як ҷавони қоматбаланди сиёҳ пуштора карда овард. Худаш захмдори сабук будааст. Бо ёрии як ҳамшираи шафқат шуморо аз таги хок кашида гирифтааст. Гуфт, ки мо ҳамшаҳрӣ ҳастем, дар як рота хизмат мекардем. Шаб ва имрӯз аз паҳлуятон дур нарафта буд. Чӣ қадар ҳаракат карду аз шумо гап гирифта натавонист. Бонги изтироб эълон шуду ӯро гум кардам. Шояд дар ҳамин атроф бошад. Омада монад даркор. Ҳеҷ гап не, меёбем.
— Мумкин «набераи Мичурин» бошад, — тахмин кардам ман.
— А? Набераи Мичурин? Не-е, — бовар накард захмдори сабук, — ба худатон монанд, сиёҳак. Ё аз Кавказ, ё аз Осиёи Миёна. Қаддароз, тешаманах.
— Ҳа, айнан ҳамон, — гуфтам.
— Мичурин рус, бародар, — хандид захмдори сабук.
— Ман нағз медонам, ҳамон хел набера ҳам дошт, — гуфтам бо ҳазл. Захмдори сабук аз ханда қариб занбарро аз даст афтонда буд.
Аз ин воқеа қариб ду сол гузашт. Аммо дар ин муддат надидам ва нашунидам, ки «набераи Мичурин» аз фронт баргашта бошад ё не. Иттифоқо, дар газетае дар васфи дӯстам очеркеро хондаму бо ҳаяҷон часта аз ҷой хестам. Ӯ ҳам ҳамон вақт захмдори вазнин шуда, се моҳ дар госпитал хобидаасту ба Ватани худ баргаштааст. Фақат як ҳафта дам гирифта, ба боғаш рафта, вазифаи пештараашро давом додааст. Бо унвони баланди «Боғбони хизматнишондодаи республика» сарфарозаш кардаанд.
Худи ҳамон соат таксӣ гирифта, ба сӯи колхози «Гулистон» шитобидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё