Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Имрӯзҳо шипанги зебо ва барҳавои Орифҷон-саркор ба машваратгоҳи устодон ва мутахассисони соҳаи боғдорӣ табдил гаштааст. Онҳо дар бораи ба хунук тобовар кардани дарахтон ва сершарбат гаштани меваҳо майна об мекунанд. Ба воситаи ҷангонидан ва пайванд навъҳое ихтироъ карданианд, ки баъди пухтан, меваҳо то дер сифати худро гум накунанд. Чунин пешниҳоди дӯсти ҳамъярокам Орифро шунида, қабат-қабат гӯшт гирифтаму гуфтам:
Қанд зан, набераи Мичурин!

ДАР АРАФАИ ҶАШН

Аксар забор дар ҷои нишастам пинак мерафтам. Рости гап баъзан ғанаб ҳам мекардам. Зеро аз пагоҳи имрӯз то субҳи рӯзи дигар аз кор намерафтем. Яъне, кор тамом нашуда, ба кори рӯзи навбатӣ сар мекардем.
Ҳамин шаб бори аввал хоб бурдааст маро. Вагарна баробари аз дари кабинет намоён шудани навбатчӣ беихтиёр ҳушёр мешудам.
— Майлаш, майлаш, дам гиред, муаллим. Имрӯз хеле монда шудед, — дарро пӯшида рафтани шуд ходими адабӣ Ҳафизахон. — Ман сонитар меоям.
— Истед, барои чӣ «сонитар?» — гуфтам.
— Охир, андаке ором гиред. Аз пагоҳ табҷатон нохуш буд. Шояд захмҳоятон боз дард карда бошад...
Ҳақиқатан ходимони идора аз рангам медонистанд, ки имрӯз асабам ноором аст. (Баъди аз госпиталь баргаштан бештар аз як сол контузия маро ором намегузошт). Хурдтарин нохушӣ, баъзан ҳатто як калима сухани ноҷо ба оташи ғазаби ман равған мерехт.
Айнан имрӯз ҳанӯз аз пагоҳӣ дилтанг шуда будам.
Шаб Раҳим-ака (Раҳим Ҷалил) илтимос кард ва ҳатто зорӣ кард, ки ба саҳро нараваму ҳамроҳаш монам. Гуфтам, ки як ҳафта ин ҷониб модарамро надидаам. Ҳақиқатан дуруст кардаам. Модар ниҳоят ҳавотир шуда будааст. Аз касе шунидааст, ки ман дар беморхона хобидаам. Дуруст, дар баданам ҳанӯз боқимондаҳои оҳанпораҳои бомба дар сайругашт буданд. Баъзан баромада мерафтандӯ аз якаш халос мешудам. Дар сони чапам ҷароҳате пайдо шуд, оҳиста-оҳиста варам карда, охир тухм барин шуда рафт ва маро азоб дод. Назди духтур рафта бурронда будам. Ӯ нахӯд барин оҳанпораеро

пешина
аз 323
навбатӣ