Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
барои хотира ба ман дода, гуфт, ки камаш се-чор рӯз хобам. Ду рӯз хобида, боз ба кор рафта будам. Инро аз модар пинҳон доштам. Рӯзи дигар, яъне имрӯз, ҳангоми ба кор баргаштан бо дӯсти ҳамьярокам Абдуллоҷон-ако вохӯрдам.
— Истед, ҷӯрачон ин қадар шумо саросема?— пурсид ӯ.
— Ба кор дер монда истодаам, ако,— гуфтам.— Пагоҳ рӯзи ғалаба.
— Тоҷибой-амак вафот кардаанд. Ба фотиҳа равем, гуфта будам,— гуфт ӯ.
— Се-чор рӯз пеш дуруст буданд-ку, ман дида будам,— ҳайрон шудам.
— Аз гуруснагӣ мурдаанд, бечора,— гуфт бо овози ларзон Абдуллоҷон-ако.
Дар ин ҳангом аз рӯ ба рӯямон ҷавонмарди рӯкалону гандумранг бо ду асобағал бо азобу машаққат роҳ гашта гузашт. Абдуллоҷон-ако аз паси ӯ бо нафрат нигариста, зери лаб ким-чӣ хел ҳақорат ҳам дод. Ҳайрон шудаму гуфтам:
— Чӣ гуноҳ кард, вай бечора? Фронтчиро таҳқир кардан гуноҳи азим аст, ҷӯра.
— Ҳе-е, инхелаҳоро паррондан даркор, паррондан!— даст афшонд бо нафрат Абдуллоҷон-ако.
— Гуноҳи ҷанговарро тамоми мамлакат мебахшад,— гуфтам.
— Лекин гуноҳи хоинро худо ҳам намебахшад! Умуман, бӯи борут начашидааст. Барои он ки ба фронт наравад, бо фиребу найранг як пояшро қат кардаю маҳкам баста гаштааст. Овоза кардааст, ки гӯё ҳангоми ба фронт рафтан аз поезд афтодааст.
— Наход?
— Ин аз кадом хоин кам?
Абдуллоҷон-ако оташин шуд. Ман ҳам асабӣ гаштам. Аз ғазаб дандонҳоям ба ҳам совиш мехӯрданд. Дасти ҳар дуямон ҳам меларзид. Аз ин рӯ, ба маҳорка печонидан душворӣ мекашидем.
— Истед, чӣ гап?— ба поям нигариста синча карда монд Абдуллоҷон-ако.
— Ҳа, набудани поямро акнун фаҳмидед?— гуфтам.
— Яктоашро аз замини Сталинград меёбед.
— Медонам... Барои чӣ аз инаш хун шорида истодааст?— банди поямро ишора намуд Абдуллоҷон-ако.
Воқеаро фаҳмондам.
Ҳар ду ба идора рафтем. Ба ҷарроҳ хабар додем,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё