Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ки шогирдонаш омада, аз нав марҳаму докапеч кунанд.
Ба замми ин ҳамон рӯз кор ниҳоят бисёр буд. Охир, арафаи ид, фардо газета бояд зебо, бехато ва барвақт барояд.
Аз серкорӣ хеле дер хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдем. Кор ва ташвиш давом кард. Хӯроки шом нашуд. Зеро ғайр аз чой дигар чизе набуд. Шояд касофати ҳамаи ин бошад, ки дар ҷой нишаста хоб бурдааст.
...Ходими адабӣ Ҳафизахонро гуфтам, ки чаро хоб карда бошам, бедорам накардӣ. Гуфт, ки дилам нашуд.
— Ҳé-е, ба шӯрбои гарм афтед, — ба сахт расидан дилам нашуд. Бе ҳамин ҳам бечора аз бедорхобӣ базӯр чашм мекушод. — Саҳифа баромад?
— Дуто баромад!
— Соат чанд?
— Сеи саҳар. Мо хондем. Фақат шумо мондед.
— Бори дигар аз назар гузаронед. Газераи идона, бояд бехато барояд. Ман ҳозир мехонам, — гуфтам.
Тамоми шаб касе мижа таҳ накард. Ҳама чун як тан ғайрат карданду шумораи идонаи газетаро дар соати ҳашти пагоҳ ба чоп супурдем. Қасд кардагӣ барин қувваи электрикӣ набудааст. Чархи мошини чопиро дастӣ гардондем. Ҳангоме аз кор рафтем, ки дар майдони васеи шаҳр пиру барно ба митинг гирд омада буданд. Ҳавои офтобӣ буд, насими форам мевазид.
ДУ ТАСОДУФ
Воқеа
Ҷанги бошиддат бо тамоми қонунҳояш давом мекард. Қӯшунҳои диловари мо душмани ғаддорро таъқибкунон рӯ ба сӯи рейхстаги овозадораш ҳуҷумро давом медоданд. Рӯзу соати ғалабаи комил, ки мардуми ҷаҳон интизор буданд, торафт наздик мешавад. Аммо, нолиши дилҳароши модарону доду фарёди кӯдакон ҳанӯз дилҳоро ба ларзиш меоварданд. Азоб аз паси азоб, ғам аз паси ғам. Фақат гоҳ-гоҳ суруди ҳузнангезе ба гӯш мерасид.
— Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба! — чунин буд шиори пиру барно.
Ман аз фронт баргаштам. Ҳанӯз аз моҳи августи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё