Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

соли чилу се кори пештараи худ — муҳарририи газетаро давом додам. Лозим меомад, ки ҳар рӯз аз деҳаи Сойча ба шаҳр оям. Пагоҳии барвақт баромада, гоҳе дар фойтун, гоҳе аспсавору гоҳе ҳарсавор, баъзан пиёда ҳам роҳ тай менамудам. Сонитар маҷбур шудам, ки аксар бо мадади ду асобағал роҳ гардам.
Пиёда гаштан осон набуд. Бомалол, аз рӯи ночораӣ қадам мезадам. Охир, ман се маротиба, аз ҷумла ду маротиба ярадори вазнин шудаам. Фақат як дасти бутун дорам. Баъзе яраҳои охиринам ҳанӯз саҳ нашудаанд, аз хурдтарин ноэҳтиётӣ хун мечакаду чанд вақт духтуруному ҳамшираҳои шафқат овора мешаванд. Бинобар ин андаке мондагиро ҳис кунам, ҷонкулаеро ёфта дам мегирифтам. Чойхонаи маҳаллаи Масҷиди Савр истгоҳи асосии ман ҳисоб меёфт. Ҳангоми пиёда омаданам, ҳамеша дар ин ҷо дам мегирифтам. Зеро хоҳам-нахоҳам Мулло Мӯъмини чойхоначӣ маҷбур мекард, ки ягон пиёла чой нӯшидаю чорта гап-ғап карда, баъд ба қорам равам. Ба назараш намоям, аз фойтун зӯран ҳам мефаровард. Рад карда наметавонистам. Зеро ӯ яке аз одамони мӯътабари маҳалла ҳисоб мешуд.

Аз саҳро то шаҳр қариб чор чакирим роҳ. Асли роҳи зебо, манзараҳои дилкаш дорад. Вале барои пиёда каме дуртар. Хусусан, аз атроф доду фарёди модарон ва зану бачаҳои дар фронт ҳалокшудаҳоро шунавед, дилтанг мешаваду қадаматон баракат намекунад.

Хайрият, имрӯз дар роҳ овози гиряро кам шунидам. Ҳар боре ки пиёда меомадам, аз чор атроф гирьяю нолаи азодоронро шунида, гирямам меомаду асабӣ гашта, саросемавор мегурехтам. Баъзан роҳбаладам ба ман расида наметавонист. Ҳа, тоқати гирьяю нола надоштам. Дар фронт аз чанд ҷоям захмӣ шудаам, устухонҳоям майда шуданд, хун рехтам, машаққати бисёр кашидам. Аммо ягон бор нагириста будам. Барои чӣ бошад, ки дар ақибгоҳ ба ҳавлии азодор наздикӣ карда наметавонам. Гирьяро шунида гирямам меояд.

«Маълум мешавад, ки дар се-чор рӯзи охир аз ҳеҷ кас «хати сиёҳ» наомадааст, — гуфтам хомӯшии атрофро дар назар дошта. — Вагарна диламро реш-реш мекарданд. Кай ба ҷон фиғону нола оҳангу сурудҳои дилпазир мешунида бошам?».».

Вақт, ки надоштам, аз рӯ ба рӯи чойхона тезтар гузаштани

пешина
аз 323
навбатӣ