Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шудам. Даҳ қадам нагузошта, овози шинос ба гӯшам расид:

— Истед, истед! Ҳо, Мулло Ҳоҷӣ! Чаро саросема мешавед? Оё айб нест? Як сари қадам надаромада меравед?.. Истед мегӯям! Ман ба шумо гап дорам! — ҳамоно аз пасам расида омад Мулло Мӯъмин.

— Маро мебахшед, амакҷон, имрӯз маҷлис дорам. Дер монда истодаам, — гуфтам қадамзаниро давом дода истода, — Дили худам кашол. Чӣ кунам? Барвақттар баромада будаму дар роҳ шиносии бисёре вохӯрданд.

— Гирьяҳо кам буданд-мӣ, охир?

— Ҳа, имрӯз гирья кам. Фақат аз дур меомад. Шояд дар Чорбоғ бошад. Тез-тез қадам зада омадан гирифтам. Аммо дӯстони серҷоғ вақтамро гирифтанд.

— Ба обу арақ ғӯтидед. Бай-бай-бай, бугатон баромада истодааст-а! Арақ ҳатто аз тахтапуштатон шинелатонро зада баромадааст. Ба худ то ин дараҷа бераҳмӣ кардан, нағз не, писарам. Ҳудатон одами маслук. Рафтем, ягон пиёла чой нӯшида, камтар дам гиред. Ошноятон Алибой ҳам ҳамин ҷо. Бо Ғаффор Розиқ дамка бозида истодааст, — гуфт Мулло Мӯъмин. — Не, нагӯед, як пиёла нишоллои майзобӣ дорам. Мазза карда мехӯред.

Розӣ шуданий будам. Аммо ба хотирам омад, ки имрӯз бюрои обком бояд шавад. Иштироки ман ҳатмист. Агар ҳозир рост ба ҳамон ҷо наравам, расида наметавонам. Мулло Мӯъмин инро фаҳмиду ночор розӣ шуд. Ва ҳамроҳам якчанд қадам зада, изҳори мақсад кард:

— Мебахшед, писарам, дар хо, ҳамон сари кӯча, дар рӯ ба рӯи ҳавзи масҷиди Бобоҷоҷа ҳар рӯз як пиразани мӯяш сафед баромада, дар болои санг мешинад. Девона гӯям девона не, сиҳат гӯям сиҳат не. Ба ҳар ҳол модари фронтчӣ бошад даркор. Чунки шахсони либоси ҳарбӣ пӯшидаро бинад, чег зада номашро пурсида мегирад. Як рӯз бинам, монда шуда пинак мерафт, рӯзи дигар бинам, хобаш бурдааст. Одами заиф, пурсидан айб. Шумо ҷавон, аз ҷанг омадагӣ. Шумо пурсед, айб надорад. Мумкин мушкилаш осон шаваду савоб гиред. Имрӯз вақтатон набошад, фардо пурсиданатон мумкин. Ҳамин тавр кунед, писарам, аз шумо чӣ меравад?

— Мумкин аз доғи фарзанд дидаҳо бошад? — ҳавотир шудам.

— Медонед чӣ, писарам, як рӯз номи шуморо ҳам ба забон гирифтагӣ барин шуд. Ҳайрон шудам, ки барои чӣ номи шуморо пурсид. Шояд ягон хешатон боshad?

пешина
аз 323
навбатӣ