Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Мумкин муҳтоҷи маслиҳати шумо баринҳо бошад. Хайр, ба у ҳам як «каромат» нишон дода монед, зоро худо охирашро қабул кунад. Дина наздиктараш рафтам. Хостам, ки модари кӣ буданашро пурсам. Аз ҷояш хеста, ба кӯчаи Арапон даромад. Ҳа-а, гуфтам, мумкин зани Мирзоҳаким бошад. Чанд вақт ин ҷониб аз писари вай ҳам дарак не. Бинам, ба тангкӯчаи Пахолхурон даромада рафт. Афсус, ки фаҳмида натавонистам. Аз ин тангкӯча Мирзо Эргаш, Абдурауф, Мирзо Рашид, Рустамхоҷа, Мирзо Шароф, Файзуллохону боз кимҳо ба ҷанг рафтагӣ. Ҳа, боз ду писари Комилбой-амак. Аз инҳо фақат Рустамхоҷа омадагӣ халос. Мумкин писари ягонтоашон ҳамроҳи шумо ба фронт рафта бошад.
— Аз ин тангкӯча ягон кас ҳамроҳи ман нарафтааст, амак,— гуфтам.
— Ба бечора модарон азоб дий,— маънидор сар ҷунбонд Мулло Мӯмин.— Кӣ аз фронт баргардад, «писари маро надидӣ?», гуфта мепурсад. Хайр, писарам, ман меравам. Фардо мунтазиратон мешавам. Ҳамроҳ ношто мекунем...
Man ba pirazan kirran chashm duxtamu ba roham raftan giriftam. Vale dah-ponzdax kadam roh gashtamu dilam gash kard. Ки бошад ин пиразан? Писараш дар фронт ҳалок шуда бошад? Э беному бедарак? Ба ҳар ҳол доғи фарзанд ба ин кӯй расонида бошад даркор. Худӣ ҳозир пурсидан беҳтар. Мумкин фардо дер шавад.
Аз роҳам баргашта, назди пиразан рафтам. Зани солхӯрда, лоғару рангпаридаро дида нашинохтам. У бо малол аз ҷояш хест, дасти лоғарашро ба китфам партофта, ба рӯям бо диққат онӣкакуйон пурсид:
— Ба назарам гарм-гарм менамоӣ, номат чӣ, писарам?
Ман номамро гуфтам.
— Не, ба худои расонғадий шукр, ки туй, Ҳоҷӣ-бобо? Ду ҳафта ин ҷониб ду чашмам ба роҳат чор. Одами напурсидатнам намонд,— сару рӯямро гаштаю баргашта бусида, китфу дастонамро молидан гирифт пиразан. Аз ҳар як аскари роҳгузар мепурсам, ки мабодо ту фалонӣ нестӣ. Ба ман гуфтанд, ки ту ҳар рӯз аз ҳамин ҷо ба кориат мегузаштай. Ту калони газета будай. Шунидам, ки маслуқ шуда барғаштай. Аммо рафта, дида натавонистам. Мана айб намекунӣ, писарам. Одами пир. Фақат афтам одаму ҳалос. Поятро монда омадий-дий? Ҳайр, ба ҳаминаш ҳам шукр кун,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё