Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бачам. Зинда омадӣ, худи ҳамин давлати калон. Мабодо Абдурауфи мана надидӣ?

Ҳамоно фаҳмидам, ки пиразан модари яке аз ҳамкорони собиқам Абдурауф Обидов аст, ман ҳам холаро ба оғӯш кашида бӯсидам.

— Холаҷон, ба фронт ман аз ҳама пеш рафта будам, — зуд шарҳ додам. — Баъди як моҳи сар шудани ҷанг рафта будам.

— Шояд дар роҳу рӯ дида бошӣ-а? — бовар накарда боз пурсид Робиахола, чашмони камнурашро милт-милт ба ман дӯхта.

— Ҷанг дар як шаҳр не, холаҷон. Дар садҳо шаҳру қишлоқҳо, дашту саҳроҳо... Хе-е, чунон одамони бисьёр, ки...

— Кай рафтанашро намедонӣ-дия? Донӣ, кофта меёфтӣ, — афсӯхӯрон сар ҷунбонд пиразан. — Бечора бачаякам сонитар рафта бошад, ҳам ба ҷангҳои сахт даромадагӣ, каллаи ҷанта душмана гирифтагӣ, командирҳояш раҳмат гуфтагӣ, — бо ҳаяҷон нақл намуд Робиахола.

— Хайр, хат омада истодааст? — пурсидам гапро кӯтоҳ кардан шуда.

— Ду ҳафта боз барои чӣ роҳатро мепоям? — бо бари остини куртааш ашки чашмонашро пок кардан гирифт Робиахола. — Чор моҳ ин ҷониб на хату на хабар. Чор моҳ-а! Қариб адо шудам, бачам. На шаб хобу на рӯз. Аз гулӯям заррае чизе намегузарад. Дилам танг мешавад, сарам дард мекунад. Намемурам, ки соф шавам.

— Беҳуда дилтанг нашавед, холаҷон, — дилдорӣ додам. — Баъзан панҷ-шаш моҳ ҳам хат наомада, сони, омаданаш мумкин.

— Садкаат шавам, илоҳи гапат рост бошад, бачам! — китфамро тез-тез сила кардан гирифт Робиахола ва баъди каме таваккуф бо овози нармтар давом намуд: — Ҳой, писарам, дар маҳалла овоза, ки ту писари Мулло Мӯъмина чеғ зада овардӣ. Имрӯз телефон кунӣ, фардо омадааст.

— Ҳеҷ вақт имрӯз телефон кунед, пагоҳ даромада намеояд, холаҷон. Умуман, ба фронт телефон карда намешавад. Ин як тасодуф шуда монд...

— Не-е, мардум дурӯғ намегӯянд. Ман худам рафта, бо чашми худам дида омадам. Ҳамин гапро шунидаму ба чойхонааш рафтам. Набудааст, ним рӯз дар ҳамин ҷо попда нишастам. Баъд омад. Писараш ҳам омад.

пешина
аз 323
навбатӣ