Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо чашми худам дидам. Ана соний аз худаш пурсидам. Мулло Мӯъмин гуфт, ки «фалонӣ авлиё будааст, чӣ гӯяд мешудааст. Писари ман беному нишон буд. Гуфт, ки фардо меояд. Дар ҳақиқат писарам рӯзи дигар омад. Ба пеши пояш гӯсфанд куштам». Наҳод як мардаки бут-бутун дурӯғ гӯяд?..

«Авлиё» шудани ман сабаб дорад. Ду ҳафта пеш аз рӯ ба рӯи чойхонаи Мулло Мӯъмин пиёда мегузаштам. Ӯ гӯё интизори ман бошад, бо шитоб сӯям омад, ба ҷону холам намонда, ба чойхона бурд. «Як дамакак даматонро гиред, сӯҳбат кунем, ғубори дили ман ҳам барояд. Се-чор рӯз ин ҷониб аз дилтангӣ девона шавам гуфта истодаам», гуфт. Хайр, чӣ, собиқ маҳаллагӣ, бо ёрии худам соҳиби ин чойхона шудааст, писараш аз ман калонтар бошад ҳам, ҳар ду ҷӯраем. Ӯ ҳанӯз дар фронт. Шояд падар писарро пазмон шуда бошад.

Монанди ҳарвақта дар катчаи рӯ ба рӯи самовор нишастем. Баъд аз ҳолпурсӣ Мулло Мӯъмин аз ҷой хеста, назди самовор рафт, ба мухлисон чой дам карда бурд. Соний дар як лаганд нонҳои буридаи ҳархела ва дар як табақча мавизи ишқорӣ оварда байнамон монд. Пешакӣ дар чойнак чой дам карда, болояшро бо саҷок пӯшонда будааст, чойнакро ва аз чевонча пиёлаи серкадоқи балғамгиро гирифта, чой кашид. Чун одат аввали чойро худ нӯшида, баъд ба ман як пиёла чой доғ дароз карду ба ҳасрат даромад:

— Ба ин амакам чӣ шуда бошад гуфта, як боракак аз аҳволам хабар намегиред. Се ҳафта ин ҷониб аз ба роҳатон чашм дӯхтан, чашмам канда шуд. Набошад, ба якта-нимта гуфта мемонам, ки мабодо фалонӣ гузарад, маҳкам дор.

— Ман якчанд вақт дар ин ҷо набудам. Ба командировка рафтам, — гуфтам.

— Ҳе-е, чӣ хел мушкил-чӣ хел мушкил. Ҳавлӣ мотам, кӯча мотам, аз они хешу табор мотам!.. Қариб девона шуда мондам, писарам. Ягон одами дилбардор надорам, ки...

— Худи гап чӣ? Тинчӣ?— ҳавотир шуда пурсидам.

— Аз ҷӯраатон Алибой се моҳ ин тараф хату хабар нест. Рӯзамон сиёҳ. Намедонам диламро чӣ тавр ҳолӣ кунам,— рӯяшро тофта, бо рӯмолчаи нимрангаш ашки чашмонашро пок кардан гирифт Мулло Мӯъмин.— Шаш бор ба военкомат рафта, безор кардам.

пешина
аз 323
навбатӣ