Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ҳар рӯз ба почта меравам. Ба хаткашон гуфтам, ки як дона хаташро биёрӣ ҳазор сӯм медиҳам.
— Фақат се моҳ будааст-ку, чаро хавотир мешавед? Дар фронт баъзан сабабҳое мешаванд, ки одам барои мактуб навиштан вақт намеёбад. Ё ки мактубҳо дар роҳ бо ягон сабаб монданашон мумкин.
— Ҳар ҳафта хаташ меомад. Ҳар ҳафта!
— Ҳеҷ гап не, наомада-наомада, якбора як хӯрчин омаданаш мумкин. Беҳуда воҳима ҳам накунеду озодорӣ ҳам, — гуфтам пиёлаи холиро баргардонида. — Худи шумо аз одамони аҳли фаҳм-ку.
— Не-е, — бетоқатона сар ҷунбонд ҳамсӯҳбатам.— Ягон гап шудагӣ. Беҳуда дилам ғаш намекунад. Зан ҳам мегӯяд, ки хоби бад дидам, ба писарам ягон гап шуд.
— Истед, ки охирин маротиба аз куҷо хат омада буд? — пурсидам.
— Аз госпиталь. Ярадор шуда ба госпиталь фаромадам гуфту бо ҳамин тақатак хат наомада монд.
— Ин тавр бошад, дар рӯзҳои наздик меояд! — гуфтам ҷиддӣ ва таваккал.
— А, меояд?! — ҷаста аз ҷой хест Мулло Мӯъмин.— Меояд мегӯед?!
— Ҳа, меояд.
— Дар пеши поятон мурам, писарҷонам, аниқ мегӯед?! — бовар намекард падар.
— Аниқ!
— Наояд чӣ?
— Чаро намеояд? Фардо пагоҳӣ ассалому алайкум гуфта даромада ояд, чӣ мегӯед?
— Ба пеши поятон як сар гӯсфанд мекушам! — Мулло Мӯъмин аз хурсандии ҷон барои ман кашидаашро беихтиёр нӯшида, лабашро сӯхта гирифт ва саросемавор пиёларо ҳаво дод.
Аслаш барои тасаллои дили мӯйсафед «меояд» гуфтаю вале дар як гӯшаи дилам ғаш пайдо шуд. Охир, дар фронт, дар госпитальҳо чӣ ҳодисаҳое рӯй намедиҳанд? На ҳамаи ба госпиталь фаромадаҳо ба по хеста мераванд. Ярадорони вазнине мешаванд, ки то дари госпиталь базӯр расида мераванд. Баъзеҳояшон се-чор рӯз ё як ҳафта умр мебинанд-у халос. Ҳатто ду-се моҳ хобида, охир абадӣ чашм мепӯшанд. Дар госпитальҳое хобидам, ки қариб ҳар рӯзу ҳар шаб ҳодисаҳои нохуш рӯй медоданд.
Хайр, дар айни ҳол ман чӣ мегуфтам ба мӯйсафед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё