Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ғайр аз нияти нағз ягон баҳонаи дигар ёфта наметаво-нистам-ку!
Баъзан тасодуфҳое рӯй медиҳанд, ки одам мӯъҷизаи табиат гумон мекунад.
Рӯзи дигар тақрибан нисфирӯзӣ буд. Дар кабинет саргарми кор будам. Нохост дари кабинет кушода шу-ду Мулло Мӯъминро дар ҳаяҷон ва чеҳрахандон дида, дилам кафтарак зад. Зуд аз ҷой хестам. Ӯ қоҳ-қоҳзанон оғӯш кушода, сӯям шитофт. Маро дар оғӯшаш фишурда, беором сару рӯямро бӯсидан гирифт.
— Шумо авлиё будаед, Мулло Ҳоҷӣ, шумо авлиё бу-даед!!! Хоки поятонро бӯсиданам даркор, хоки поя-тонро!
— Худи гап чӣ?! — ҳайрон шудам.
— Омад! «Фардо пагоҳӣ меояд» гуфта будед, омад! Навакак омад! Дар вақти гуфтаатон омад! Шумо ҳақи-қатан авлиё ҳастед — бори дигар маро дар оғӯшаш фи-шурда ашки шодӣ равон кард Мулло Мӯъмин. — Раф-тем! Рафтем, писарам!
— Тасодуфро бинед-а! — аз хурсадӣ чӣ гуфтанамро надонистам.
— Шумо каромат кардеду сонӣ тасодуф шуд, писа-рам. Шумо авлиё! Рафтем!
— Дар чунин ҳолат нарафтан гуноҳ аст!...
Ана ҳамин тасодуф маро ба «авлиёгӣ» баровард. Миш-миш то ба гӯши Робна-хола расида, ӯро низ бетоқат гардонд. Пиразан нағз медонад, ки ман ҳамроҳи писараш дар колхоз кор кардаем, дар кружоки ҳаваскорони санъат иштирок доштам. Ӯ табелчӣ, ман котиб ва муҳаррири газетаи бисёртираж будам. Рафтуомад доштем. Ҳамроҳ гап мехӯрдем, сӯҳбат мекардем. Лекин модарашро нағз намешинохтам. Шояд ӯ ҳам маро нашиносад. Аз занҳои хонашин буд пиразан. Мана имрӯз зарур шудааст, ки барои фарзанди дурафтодааш дӯсти писарашро ҷустуҷӯ намояд. Бо ин ният заҳмат кашида, ба кунҷи кӯчаи рӯ ба рӯи ҳавзи Масҷиди Бобохоҷа баромада, дар болои сангӣ чорпаҳлӯ қариб ду ҳафта ин ҷониб интизори ман шудааст. Модари мушфиқ бовар кардааст, ки ман як «каромат» нишон диҳам ба дидани дидори писараш муяссар мешудааст. Кош ҳамин хел қудрат медоштам, ки ба дарди ҳазорон модарони мушфиқ марҳам мешудам!
...Барои таскини дили модар нақли бисёртар кардам. Аз корнамоиҳои ҷанговарон, комёбиҳои қӯшунҳои диловарамон, хусусан занҳои фронтчӣ мисолҳои зиёд овардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё