Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Занҳо духтур, занҳо лётчик! Зану духтарон, ҳамшираи шафқат, мерган, пулемётчӣ, командир! Онҳо дар ақибгоҳ низ барои фронт, барои ғалаба қаҳрамонона меҳнат мекунанд. Шумо барин модарони мӯътабар писарҳои қаҳрамон тарбия кардед, ки ба тухми лашкари Гитлер қирон оварда, Ватани маҳбубамонро аз пои нопоки душмани ғаддор тоза карда истодаанд. Ҳамаи командирон, Ватан ва халқ ҳазорҳо таҳсину офаринҳо мехонанд ба шумо! Шумо ҳам иштирокчии ҷанг ҳастед, дар ғалабаҳои мо шумо ҳам ҳиссаи калон доред!
— Ин хел гапҳоро бисёр нагӯ, писарам, дилам об мешавад, — китфамро сила кардаравон давом намуд модар: — Медонам, ки писари ман ҳам одами давлати шӯро. Виҷдон дорад, чӣ будани сафедию сиёҳиро медонад. Барои тӯйхӯрӣ нарафтааст, ба он ҷо. Барои душманкушӣ рафтааст. Илоҳо саломат бошаду шамшераш бурро гардад. Шабу рӯз дуояшро мекунам, фақат як парчаякак хатча нависад шуд ба ман. Зинда буданашро фаҳмам шуд, бачам.
— Баъзан ҳамин хел ҳам мешавад, холаҷон, — фаҳмондам. — Хатҳо бесабаб дер намемонанд. Масалан, одам ба ягон ташвиш банд мешаваду барои хат навиштан вақт намеёбад. Ман худам ҳам, пеш аз госпиталь баромадан, имрӯз меравам — фардо меравам гуфта, қариб ду моҳ мактуб нанавишта будам. Баъзан поездҳои алоқа дар зери бомбаборон монданашон мумкин, мактубҳои бисёр сӯхта ва ё паҳну парешон шуданашон мумкин. Ҷангдия. Ҳар хел ҳодисаҳо мешаванд.
— Гапат маъкулу ин дили ошиқаварро чӣ кунам? — ба қафаси дилаш тап-тап зад модар. — Дар дег равған доғ шуда аз ҳад гузарад, зуд як чиз мепартоянд, ки аз шасташ гардад. Фаҳмидӣ? Охир, аз се моҳ гузашта ба чор моҳ даққа зада монд.
— Диққат нашавед, холаҷон. Имрӯз — фардо хат омаданаш мумкин, — таваккал тасаллӣ додам.
— Як парча хатиша дидаю ба чашмонам молида мурам, дар армон намеравам! — аз таҳи дил овоз андохта гирист модар. Қариб ман ҳам ҳамовоз шуда будам.
Хомӯш истодам, ки модар дилашро холӣ карда гирад. Дар ин фурсат дар ҷустуҷӯи реҷае шудам. Чӣ бояд кард? Аввал ба военкомат рафта, аниқ кунам, ки худи Абдурауф-ақо зинда ё не? Барои аниқ кардан, чанд ҳафта лозим мешуда бошад? Мумкин ду-се моҳ гузарад. То он модар тоқат мекарда бошад? Мабодо тоқаташ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё