Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ток шуда, ҷон ба амонат несупорад? Мушкил, ниҳоят мушкил!

Баъд аз хаёли дурудароз фақат як реҷаро маъқул донистам. «Аввал ба военкомат рафта, воқеаро нақл мекунам. Военком ҷӯраи худам. Ҳамаи ходимони комиссариати ҳарбӣ маро мешиносанд. Охир, ман аз ин ҷо аскари қаторӣ рафта аз фронт бо рутбаи лейтенанти калон баргаштаам, инвалиди Ҷанги Бузурги Ватанам, иштирокчии ҷанги Сталинград. Аз ин рӯ маро ба вохӯриҳо даъват мекунанд. Ба ҷанговарони нав ба фронт мерафта аз корномаҳои ҳамяроқони худ ҳикоят мекунем, ба онҳо ғалаба орзу менамоем.

Лекин то зиндаю саломат будани ӯро аниқ карданашон худ мактуби сегӯша ташкил мекунам, ки дили модар ором гирифта истад. Албатта, ин ҳам таваккал. Зеро ҳаёт ва дар куҷо будани Абдурауф-ако маълум нашавад, «хизмати хирсона» карданам мумкин.

Реҷаро ба амал татбиқ намудам.

Баъд аз як ҳафта ба зиёрати Робна-хола рафтам. Баробари дар рӯи ҳавлӣ намоён шуданам пиразан бардам ва хандону шукуфон ба пешвозам баромад. Ҳа, гуфтам дар дилам, мактубро гирифтааст. Рангу рӯяш ҳам тоза, димоғаш чок, дар лабонаш табассум, гапҳояш бурро.

— Ана, дидӣ, бачам, ман беҳуда роҳи туро напоидаам! Як ҳафта нагузашта хаташ омад. Мана, бин! — хати сегӯшаи ба ман шиносро ба ман дароз кард пиразан, ки беором ба чашмаш мемолид. «Ман сиҳат саломат, хавотир нашавед, очаҷонам» гуфтааст. «Серкор шуда хат навишта натавонистам. Акнун камкортар шудам. Ҳар ҳафта мактуб менависам», гуфтааст, бачаи бечораам. Ду рӯз боз ҳар рӯз себорӣ мехононам ин хата. Илоҳо, умракат дароз шавад, асло камӣ набин, писарҷонам, — пиразан ба замин диккак нишаста, маро аз тахти дил дуо кард.

Ҳамин тариқ, Робина-хола аз писараш ҳар ҳафта «мактуб» мегирифтагӣ шуд. Бо вуҷуди ин тез-тез хабар мегирифтам, ки мактуб омад ё не. Баъзан шофёрамро мефиристодам, ки хабар гирад. Бештар аз ду моҳ Робина-хола шикоят накард. Лекин дар тамоми ин фурсат ман ниҳоят хавотир будам. Дар вақтҳои охир тарафҳои шаб ба хаёлам ояд, то рӯз мижа намезадам. Ҳақиқатан Абдурауф-ако зинда набусад ва ё беному нишон бошад, реҷаи ман чӣ мешавад? Мактубҳои сегӯшаам оё аз гӯши худам намекашанд?»

пешина
аз 323
навбатӣ