Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Қарор додам, ки навиштани мактубҳоро тадриҷан кам мекунаму охир бас мекунам. Масалан, аввал дар ду ҳафта якто, сониян дар се ҳафта, баъд дар як моҳ... Ҳамин тавр ҳам кардам. Лекин аз мӯҳлаташ чор рӯз гузарад, пиразан одам мефиристонд, ки барои чӣ мактуб наомада монд. Рафта мефаҳмондам, ки баъзан ҳамин тавр ҳам мешавад.
Рӯзе ҳавои софи беғубор, офтобӣ буд. Каме аёс бошад ҳам, тоқатовар метофт. Бинобар ин шинелро партофта, дар гимнастёркаи солдатӣ ба роҳ баромадам. Бо табъи чоқ қадам мезадам. Вале дар нисфи роҳ аз сардии яраҳоям ба дард омаданд: маҷбур шудам тезтар қадам занаму ба чойхонаи Мулло Мӯъмин рафта дам гирам ва баъди тафсиши ҳаво равам. Мулло Мӯъмин дам мегирифтааст. Ба ҷояш Алибой ба ҷои падар асои падар будааст. Ҳар ду аз лавҳаҳои чангин худ ба хотир овардем, «авлиёгӣ»-и маро гуфта хандидем. Ҳаво тафсид, ба роҳ даромадам. Бо ду асо оромона қадам зада наомадаму гӯшан кӯчаи паҳлӯи ҳавз, пиразани лоғар ва рангпарида, дар лавҳаи хотирам ҷойгир мешуд. Баробари ба ҳамон ҷои шинос рӯ ба рӯ шуданам, боз ҳамон Робиа-холаро дида, дилам ба таппиш даромад. Гумон кардам, ки ё мактуб наомадааст ва ё ягон хабари нохуш гирифтааст. Ин тарафаш чӣ мешуда бошад? Хайр, агар масъалаи мактуб бошад, боз маҷбурам реҷаро давом диҳам.
— Бачаҷонам, ман ду рӯз боз роҳатро мепоям, — дар рухсори пиразан нохушие ҳис накардаму шод гаштам. Ӯ монандӣ ҳарвақта сару рӯямро бӯсидан гирифт. — Медонӣ чӣ? Ин навбат ду мактуб омад. Дар як рӯз ду мактуб!
— А, чӣ гуфтед?! — бо ҳаяҷон мактубҳоро аз дасти Робиа-хола гирифтам, ба якумаш эътибор надода, саросемавор дуюмашро кушодам, зуд чашм давондам. Ҳусни хати Абдурауф-акоро дида, қариб шодикафак шуда будам. Нафаси дароз кашида, худро сабук ҳис кардам. Хайрият, ягон кас ҳусни ду хатро муқоиса накардааст.
— Хондӣ? Хати худаш-а? — пурсид пиразан.
— Ҳа, хати худашон. Ман ҳусни хаташонро нағз медонам, гуфтам мактубро ба хола дароз карда истода.
— Бечора бачаякам узр хостааст, ки се моҳ боз мактуб навишта натавониста буд, — гуфт Робиа-хола мактубро бӯсида истода. — Ба бачаҳо гуфтам, ки зуд қоғазу қаламро гиреду мактуб нависед. Гӯед, ки дар ду моҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё