Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

хи охир ҳар ҳафта мактубатро гирифта истодаем. Аз мо хавотир нашав, саломат бошу душманро кӯфтан гир.
— Ман ҳам ниҳоят хурсанд шудам, холаҷон, — гуфтам.
— Акнун боз як нағзӣ кун, бачаҷонам, — баъд аз фосилае бо овози нармтар давом намуд Робиа-хола. — Ҳамон писари Мулло Мӯъминро чеғ задагиат барин, як боракак ба писари ман ҳам телефон кун, омада, ҳеҷ набошад, як худашро нишон дода равад. Ҳа, тани гармдня, бачам, мабодо пӯкунда монам, дар армон наравам.
Ҷон бачам!
— Ба фронт телефон карда намешавад. Алибой тасодуфан омада монда буд, холаҷон, — аз ханда худро базӯр доштам.
— Хайр, аз ту чӣ меравад? Ба ин ҳам як телефон карда бин, зӯро ин ҳам тасодуфан шуда омада монад, бачам, — илтиҷоомез гардан каҷ кард Робиа-хола.
— Хуб, — гуфтам ба дилаш шуда. — Ман телефон мекунам!
Рӯзҳо, ҳафтаҳо гузаштанд. Ҳақиқатан боз як тасодуф шуда, Абдурауф-ако аз фронт баргашт. Ҳавлиашон ранги тӯй гирифт. Ба назарам, Робиа-хола даҳ сол ҷавон метофт. Чакқону гапдон, қадамҳояш бардам. Ба меҳмонон таъзим мекарду бо овози нарм мегуфт:
— Илоҳо, дигар рӯи ҷангро набинетон, азизонам!

БОНГИ ИЗТИРОБ
(Қисса)

СИРРИ ҲАРБӢ

Писарбачаи тақрибан ёздаҳ-дувоздаҳсола бо велосипеди кӯҳнаю шалақ газетаю журнал ва мактубу коғазпечҳои бисёре бор карда, аз дари шӯъбаи алоқа
баромад. Ӯ велосипедашро савор шуда, пеш ронду даҳ
қадам ҳам нарафта фаромад. Каме хаёл карда истод,
баъд сари велосипедро ба сӯи маркази ноҳия тофт. Понбача ба педаль базӯр мерасид. Аз ин рӯ, гоҳ ба чапу
гоҳ ба рост хамида, бо азоб чарх мегардонд. Аз тирҳои
кайҳо равғаннадида ва чарху занҷири хоку лойолуди
велосипед садоҳои гӯшхарош мебаромаданд. Аз афташ
асаби бача ба ин «симфония»-и дилбазан созиш мекардааст, ки сари худро ба оҳанги он чӯркунон алвонҷ дода

пешина
аз 323
навбатӣ