Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мӯрафт. Зери лаб кадом сурудеро низ замзама менамуд ва бо ин машаққати педальрониро сабук мегардонд.

Рӯзҳои охирини баҳор хеле тафсида буд. Баъзан арафаи фасли тобистон ҳам гарму ҳам дам мешавад. Дар ин рӯзҳо ҷомаи бепахта он тараф истод, ҳатто куртаи на он қадар ғафс ҳам ба кас вазнинӣ мекунад.

Қаҳрамони мо ба маркази ноҳия расиду велосипедашро ба кунҷи бинои дуқабаtai сафед такя дод, ҷанги тоқӣ, куртаи нимдошти мошранг ва шими галифени хеле васеъро афшонд, арақҳои сару рӯяшро бо бари остин пок карду ногоҳ чашмаш ба лавҳаи пештоқи бино дӯхта шуданд. Ӯ гӯё чизи гумкардаашро ёфта бошад, хурсандона лабашро инч карда монд.

Он рӯзҳо комиссариати ҳарбии ноҳия ниҳоят серташвиш буд. Яке ба ҷанг мерафт, дигаре аз фронт бармегашт. Хусусан, маруҷҳаштаҳо даробарои бисёр доштанд. Онҳо ё ҳуҷҷатҳояшонро расмӣ мекунониданд ва ё мадад мепурсиданд.

Дар қабулгоҳи комиссари ҳарбӣ даҳ-дувоздаҳ нафар пиру барно нишастаанд. Дар байни онҳо ҷанговароне ҳам буданд, ки ба отпуск омадаанд. Солдати хушкаду қомати логар, ки дар сари синааш ордени Ситораи Сурх ва ду нишони ярадорӣ (яке зарду дигаре сурх) дошт, лангида-лангида ба қабулгоҳ даромада, ба қафои мизи қабулгоҳ нишаст ва коғазҳо дар дасташ бударо ба галладони миз андохта истода, ба бача рӯ оварда пурсид:
— Ҳа, укаҷон, хизмат?
— Ба комиссар гап дорам, — нимғурма ҷавоб дод бача.
— Чӣ хел гап, укаҷони ширин?
— Гапи худам.
— Гапи худат? Чӣ хел гапи худат?— ҳайрон шуд аскар гиребони катшудаи гимнастёркаашро ба тартиб оварда истода.— Бемалол гуфтан гир, укаҷон. Ман хизматчии ҳамин ҷо. Хизматчии бепул. Яъне мададгор. «Аз бекорӣ кадукорӣ» гуфта, ёрӣ дода гаштем. Хӯш, гапат ниҳоят зарур барин-а?
— Ҳа, ниҳоят зарур.
— Хайр, гӯшам ба ту.
Бача тез-тез мижа заду хомӯш истод.
— Хӯш, гап зан! Чаро дам шуда мондӣ?— боз пурсид аскар аз ҷояш нимхез шуда.
— Ба шумо намегӯям.
— Чаро?— ҳайрон шуд аскар.
— Гапи махфӣ.

пешина
аз 323
навбатӣ