Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Биё, оҳистаякак ба гӯшам гӯй-чӣ, — зери лаб хандида, сарашро ба тарафи бача хам кард аскар.

— Ин сирри ҳарбӣ, — гуфт бача худро ҷиддӣ гирифта.

Ҳама хандиданд. Аскар аз ҳама баландтар хандид ва аз ҷояш ҷаста хеста, назди бача омад ва ба китфаш меҳрубонона тап-тап зада гуфт:

— Офарин, сарбоз!

Бача аз хандаи ҳозирон шарм карда бошад ҳам, аз меҳрубонии аскар хурсанд шуд. Боз барои он шод гашт, ки ҷанговари ордендор ӯро офарин гуфт. «Хайрият, — гуфт дар дилаш ӯ, — қоидаҳои ҳарбиро омӯхта будаам. Аллакай кор омад. Аскари сурх сирри ҳарбиро ҳеҷ гоҳ ошкор намекунад. Инро ба мо муаллим Аҳмадов борҳо такрор карда буд».

Аскари ордендор, ки то ин муддат ба кабинети комиссари ҳарбӣ даромада баромад, шӯхномез ба бача муроҷиат намуд:

— Рафиқ ҷанговар, номатон чист? Ё ин ҳам сирри ҳарбӣ?

— Не, — хандид бача ва аз шарм рӯяшро ба як сӯ тофта гуфт: — Номам Чавлон.

— Бисёр нағз. Фамилияатон?

— Сангинов.

— Номи падаратон?

— Абдураҳмон.

— Яъне Сангинов Чавлон Абдураҳмонович! Хеле хуб! Акнун марҳамат карда дароед. Комиссари ҳарбӣ капитан Сергей Васильевич мунтазири шумо! — пошнахон мӯзаашро ба ҳам сахт зада, дасташро ба ҷаккааш бурд аскари ордендор.

Чавлонро ҳаё зер кард. Ягон бор ӯ назди роҳбарон надаромада буд. Ана имрӯз медарояд. Боз ба назди кӣ? Комиссари ҳарбӣ! Оё ҷуръаташ мерасид бошад? Ӯ бо калонсолон ҳамсуҳбат шудан он тараф истад, ба салом додан шарм мекард.

Боре модараш Шарафнисо ӯро ба идораи колхоз фиристонда, «Маълумотнома гирифта биё, ба мактабат бурда месупорӣ» гуфта буд. Чавлон қариб як ҳафта ба ин кор овора шуду аз маълумотнома дарак нашуд. «Раис нест, котиб нест» гуфта баҳона кард. Ниҳоят худи модараш ба идораи колхоз рафту шикоят намуд:

— Писари ман як ҳафта ин ҷониб якто справка гирифта наметавонад. Аз пагоҳ то бегоҳ гуруснаю ташна мунтазир шуда, ҳеҷ кадоми шуморо намеёбад. Ҳама

пешина
аз 323
навбатӣ