Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
дар фронт ҷон медиҳаду шумо дар ҳамин ҷо истода...
— Истед-истед, апаҷон, гапро нафаҳмида... Як даҳон ба ман справка даркор гӯяд намешавад?— гуфт котиб дар навбати худ.— Ҳар рӯз ӯро дар ҳамин ҷо мебинам. Дар атрофи идора мегардад. Ҳатто ба наздам ҷег зада, «Модарат дуруст-мӣ? Чаро камнамо шуда монданд?» гуфта бо ӯ пурсупос мекунам. Фақат «ҳа, дуруст» мегӯяду дигар дамашро намебарорад.
— А-а, ман гӯл ба гапи ӯ бовар карда гашта-ам-а, — аз хиҷолат сурх шуд Шарафнисо.— Ба болои нотавонӣ чунон шармин, ки намедонам бо ин аҳвол одам мешуда бошад ё не? Ҳатто ба рӯи ман нигариста, як чиз гуфта наметавонад. Хайр, уқоҷон, чӣ илоҷ? Ягона фарзанд дорам...
Ҷавлон ба обу арақ ғӯтидаю анор барин сурх шуда, беором бинӣ кашидан гирифт. Аскари ордендор дари кабинетро кушод ва ӯро аз дасташ гирифта, назди комиссар даровард.
— Ман ба фронт меравам! — баробари аз дар даромадан бо овози баланди ларзон гуфт Ҷавлон.
— Чӣ? Ба фронт меравӣ? — хандид капитани миёнакақад папиросашро кашида. — Канд зан, шермард! Лекин одами ба фронт мерафтагӣ салом гуфтагӣ гапро бояд нағз донад. Беодобҳоро ба фронт намегирем.
Ҷавлон аз камоли шарм сарашро ҳам кард. «Чӣ кардам мани каллаварам?— аз дил гузаронд ӯ.— Акнун кор расво. Авф мекарда бошад?»
Аскари қаторӣ ҳам шуда, ба гӯши Ҷавлон пичиррос зад.
— Салом, рафиқ капитан! — гуфт Ҷавлон бо овози хаста ва боз сарашро ҳам кард. Капитан шаригии будани бачаро пай бурда, оҳанги гапашро дигар кард.
— Шарм надор, ман ҳазл кардам. Одам саросема шавад, ягон хато мекунад,— гуфт ба аскари ордендор рӯ оварда капитан.— Ҳамин тавр не, ҷанговар Чамолов?
— Айнан ҳамин тавр, рафиқ капитан! — тасдиқ кард Чамолов.
Ҷавлон ба аскари ордендор нигариста табассум карда монд. Ба хотираш омад, ки нағзтарини ҷавоб дар армия ҳамин хел аст.
— Ҳамаро мон у гӯй, ки ман туро дар куҷо дидам? — қадамзанон ба Ҷавлон наздик шуд комиссар. —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё