Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чеҳраат ба назарам гарм менамояд. Аз колхоз-ку нести?
— Так точно, рафиқ капитан! — бо овози бурро тасдиқ кард Чавлон.
— Ҷавобат аз рӯи устав-ку, — капитан хандаашро базӯр нигоҳ дошта, ба аскари ордендор нигарист. — Дидед, бачаҳо ҳам аз таълими ҳарбӣ бохабар. Хӯш, писари нағз, аз куҷо мешавӣ?
— Аз колхози «Коминтерн», деҳаи Сойча.
— Писари кӣ?
— Писари Абдураҳмон.
— Падарат чӣ кор мекунад?
— Падарам... — Чавлон маъюсона сарашро ҳам карда, тез-тез мижа задан гирифт. Капитан ва аскар китфҳояшонро дарҳам кашида, ба ҳамдигар саволомез нигаристанд.
— Вафот кардагӣ? — бо овози нарм пурсид капитан.
— Ҳа.
— Қай?
— Як моҳ пеш «хати сиёҳ» омад.
— Ҳа-а, дар фронт ҳалок гаштааст-дия? — капитан аз сари миз бархосту омада сари Чавлонро меҳрубонона сила кард. — Ҳафа нашав, писарам. Дар оилаатон киҳо ҳастанд?
— Модарам.
— Боз кӣ?
— Модаркалонам. Зани тагоям. Бачаҳояшон.
— Тағоят дар куҷо?
— Дар фронт. Танкчӣ. Дар фронти Ленинград. Се танки фашистҳоро зада маҷак кардаанд. Худашон одами зӯр.
— Ӯҳ-хӯ, қаҳрамон-ку! — хурсанд шуд капитан.— Хат менависад?
— Пеш ҳар ҳафта хаташон меомад. Як моҳ боз намеояд. Очакалонам ҳар рӯз гирья мекунанд. Занашон нотоб. Бачаҳояшонро модарам нигоҳубин мекунанд.
Занги телефон баланд шуд. Капитан ба Чавлон «Сабр кун» гуфта ишора карду бошитоб рафта гӯшаки телефонро гирифт. Ӯ бо касе дурудароз гуфтугӯ кард.
То ин дам аскари ордендор ҳам шуда, ба гӯши Чавлон ким-чиҳо гуфт. Чавлон сарашро ҷунбонда, гапҳои ӯро тасдиқ намуд. Ва чизе ба хотираш омада, қоматашро рост кардаю китфҳояшро баланд бардошта истод.
Капитан гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошта, ба Чавлон рӯ оварду пурсид:

пешина
аз 323
навбатӣ