Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мо тафтиш мекунем, ки чаро аз тағоят мактуб намеояд. Ҳоло ба ёдам биёред, ҷанговаровар Ҷалолов. Хайр, оила ба чӣ мӯҳточ? Оила?

— Мо ба ҳеҷ чиз мӯҳточ не, рафиқ капитан. Фақат як илтимос: ман ба фронт меравам! — ҷуръат пайдо карда гуфт Чавлон.

— Дар оила ягона мард ту ҳастию ту ҳам ба фронт равӣ, чӣ мешавад? — озмоишкорона пурсид капитан.

— Модарам розӣ. — Майлаш, рав, мегӯянд.

— Офарин, писари нағз! Ба модарат ҳам офарин! Ба модарат ҳамдардии маро расон. Дуруст?

— Хӯб.

— Ба қадри ин хел модарони қаҳрамон расидан даркор... Ҳа, дар воқеъ акнун ба хотирам омад: ту дар колхоз хаткашонӣ мекунӣ-а?

— Ҳа, аз рӯзи сар шудани ҷанг.

— Боракалло, писари нағз. Дар вақти ҷанг хаткашонӣ ҳам вазифаи ҷанговарона аст. Садҳо мактуби ҷанговаронро ба падару модаронашон, зану фарзандонашон бурда мерасонӣ. Ин ҳам кори масъулиятнок ва бошараф!

— Мактубҳошонро ҳам мефиристонам, посилкаҳошонро ҳам, — гуфт Чавлон.

— Раҳмат. Писари ҷанговаровар бояд диловар шавад, аз ҳеҷ душворӣ натарсад.

— Ҳамсинфҳоям гуфтанд, ки агар туро қабул кунанд, зуд хабар деҳ, мо ҳам меравем, — Чавлон сарашро бардошта, қадашро баландтар вонамуд кард. Кош ҳоло сеҳргаре пайдо мешуду қади ӯро боз як ваҷаб баландтар мекард.

— Соли таваллудат чанд? — пурсид капитан.

— 1927. Лекин ғалат шудагӣ. Модарам ту калон мегӯянд, — боз худро калон вонамуд кардани шуд Чавлон ва баъди каме мулоҳиза илова кард: — Милтиқ парронда метавонам. Граната партофтаанро ҳам ёд гирифтаам. Ҷӯраҳоям ҳам метавонанд. Ман мошинро ҳам ҳай карда метавонам. Ба фронт рафта, танкист мешавам.

— Гап ин тавр, рафиқ танкист. Ту ҳоло ҷавон ҳастӣ. Ба ту боз камаш чор соли дигар даркор. Шояд то он дам ҷанг тамом шуда монаду ба ту навбат нарасад, — ҷиддӣ гуфт капитан. — Аммо барои танкист шудан ҳамеша вақт ҳам ҳасту имконият ҳам. Ёрӣ мерасонем, албатта, ба орзуят мерасӣ!

— Ба фронт бачаҳои хурд ҳам мерафтаанд-ку! — бо оҳанги эътироз гап сар кард Чавлон. — Мо «Писари

пешина
аз 323
навбатӣ