Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
полк» ном ҳиссаро хондем. Газета ҳам хондагӣ мо. Бисёр бачаҳои дигар ҳам ихтиёрӣ ба фронт рафта будаанд. Чаро мо намерафтаем? Ҳеҷ набошад, худи марс фиристонед, рафиқ капитан,— тез-тез мижа зада илтиҷоомез гарданашро қаҷ кард Чавлон.
— Ба азму шуҷоатат раҳмат, писари нағз! — гуфт капитан, бо меҳрубонӣ дасти худро ба китфи Чавлон гузошта.— Аммо шумоён дар худи ҳамин ҷо низ ба фронт мадади калон расонида метавонед. Дониста мон, бе ёрдами ту баринҳо дар фронт ғалаба кардан мумкин не.
Лекин гуфта монам, ки, албатта, ба орзуят мерасӣ. Туро ба рӯйхати танкистҳо навишта мемонам. Қай синнат ба хизмат расад, ба қисми танкистҳо мефиристем.
— Тавалло мекунам, рафиқ капитан «не» нагӯед.
Маро фиристонед! Ҷанг кардан мехоҳам! — гуфт Чавлон.
— Ҳарбиён якто гап мезананд, рафиқ Сангинов!— ҷиддитар гап зад капитан.— Ту инро бояд нағз донӣ!
ПИСАРИ ДАДОШ
Ин маҳалро барои он Сойча меноманд, ки аз миёни деҳа ҷӯи калоне мегузарад. Вай ба андозаи сой буда, каме дуртар ба чандин ҷӯи тақсим мешавад ва замину боғоти деҳаҳои атрофро обшор мекунад. Аз қади ин ҷӯи калон сиёҳбедҳои баланд шоҳаҳои худро ҳам намуда, гӯё ба сӯи мардуми деҳа таъзим карда меистанд. Паҳлӯи чапи ҷӯй ду ҳавзи пур аз об буда, атрофи онҳоро ҳам бедҳо иҳота кардаанд. Шамол вазад, навдаҳои ба кокули духтарон монандӣ онҳо алвонҷ хӯрда зеботар мегарданд. Сойчагиҳо хушбахтанд, ки дар чунин манзили роҳатафзо кор ва зиндагӣ мекунанд.
Шумо аз паҳлӯи гулзори васеи назди чойхонаи колхоз гузашта, ба майдончаи спортии мактаб ва рӯи ҳавлии боғчаи бачаҳо меоед. Дар зери сояи зардолухони пурбор мизу курсӣҳо гузошта шудаанд. Ҳар як курсӣ соҳиб дорад. Бачаҳо хеле хурсанд, боиштиҳо хӯрок мехӯранд. Мураббияҳо дар атрофашон парвона.
Каме дуртар аз онҳо занону духтарон ва бачаҳои калонсол ҳазлу шӯхӣ мекунанд, суруд мехонанд, зардолу мечинанд. Марди қоматбаланде сабаду қуттиҳои аз зардолу пуршударо аз назар мегузаронад, сифаташро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё