Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
месанҷад. Ӯ ҳар замон як дона зардолуи мавизакшудаашро интихоб карда, ба даҳонаш меандозаду мемакад, баъд донакашро бо дандонаш қирсӣ шикаста, мағзашро мехӯрад.
Як бачаи нисбатан калон ва фарбеҳу калладароз чашми мураббияҳоро хато карда, ба сӯи зардолучиҳо давид. Дар ҳолате ки аз биму ҳарос дилаш гулгуп мезад, ба назди марди қоматбаланд рафт. Мард бо ӯ хушҳолона вохӯрӣ кард ва бо ангушташ ба бинии бача зада монд. Дар ҷавоб бача ҳам магар ягон илиқ кард, ки марди қоматбаланд қоҳ-қоҳ зада хандид.
Бача тоқиашро аз сар гирифт ва бо ишораи марди қоматбаланд аз сабаде ба он зардолу пур кард. Марди қоматбаланд ба бача ким-чиҳо ишора намуду худаш ҳам як сабади калон зардолуи нағз интихоб карда, сӯи бачаҳо омад.
— Шарафнисо, мана ин зардолуро гиреду бачаҳоро аз номи мо зиёфат кунед. Бигузор мазза карда хӯранд! — ба ҷавонзани либоси сафедпӯш муроҷиат намуд марди қоматбаланд.
— Э-э, саркорбобо, чаро овора шуда мегардед?— гуфт ҷавонзан сабадро қабул карда истода. — Лозим шавад, худамон рафта меовардем-дия.
— Ин кандаки хӯрданбоб, хоҳарам, — таъриф кард Олимбобо-саркор,— то фардо адо шуда мемонад. Монед, бачаҳо хӯрда гиранд. Ман таъин карда мемонам, ҳар рӯз як сабад гирифта, тақсим карда диҳед. Ҳа, Шарафнисо, асло шарм накунед. Ҳамаи ин боғу роғ аз они ҳамин бачаҳо. Ҳар яке онҳо сутунҳои ояндаи колхоз! Калон шаванд, кор ҳам аз они ҳаминҳо, гап ҳам. Баъд мо дар сояи давлаташон шишта роҳат мекунем. Ҳамту, не, Шарафнисо?
— Калон шуда, ин нағзиҳоро фаромӯш намекарда бошанд? — гуфт Шарафнисо.
— Не, Шарафнисо. Бачаҳои ин замон, боақлтар,
донотар мешаванд, — гуфт саркор.
— Бо ҳамин аҳвол-а? Ана ба вай нусха нигаред,— Шарафнисо ба бачаи навакак зардолу гирифта омада ишора кард. — Дидед? Вай нусхаякатро худо нагирад-е!.. Ҳеҷ бе килик намешинад-дия.
— Охир, писари дадош-дия, — хандид саркор, — Падараш Абдураҳмон чӣ хел одами ширинкор буд! Юсуфқизиқи машҳурро бо як нӯл мезад... Кани, кани, Чавлон, боз як бори дигар такрор кун-чӣ? Ҳа, кани!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё