Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Чавлон як дона зардолуро ба рӯи кафаш гузошта, даҳонашро яла кард ва ба зери кафаш бо дасти дигараш зад. Зардолу хез зада ба даҳонаш даромад. Баъд зардолуро хӯрд ва донакашро зери дандонҳояш монд. Со-нӣ як мушташро ба зери манаҳаш гузошта, бо мушти дигар ба сари худ зад. Донак қирсӣ шикаст. Ин кори ӯро дида, бачаҳо бо овози баланд хандиданд. Худӣ Чавлон низ сахт хандиду зуд худро ҷиддӣ вонамуд кард. Ҳама аз аввала ҳам баландтар хандиданд.
— Тормози ҷоғатро нағз кор кардааст-дия, Чавлон! — бо завқ хандид саркор. — Кандата зан-е!
Бачаҳо «ҳунар»-и Чавлонро такрор карданӣ шуда, ба даҳошон яктогӣ зардолу андохтанд. Вале аксари онҳо ба ҷои шикастани донак забонашонро газида гирифтанд. Чавлон завқ карда хандиду суруди дӯстдоштаи худро хонд:
Зардолучон, зардолу
Ҷонам фидон олу!
— Ҳо, хола! Ин Чавлонро бинед, маро масхара мекунад!
— Хабаркашӣ кардӣ, акнун зардолуямро деҳ!
— Зардолуи худам.
— Не, аз они ман!
Зардолучон, зардолу
Ҷонам фидон олу!
— Ҳой, бачаҳо, хомӯш! Кӣ мағал карда истодааст? — фарёд кард Шарафнисо.
Ҳама баробар Чавлонро ишора карданд. Ӯ табакчаи тунукаро ба болои коса монда, бо ду ангушташ нақора барин менавохт. Овози модарашро шунида зуд ду дасташро ба киса андохту маъсумона ба осмон нигарист. Баъди чанде боз лабҳояшро ҷунбонда, бачаҳоро хандонд.
— Ба ӯ нигаред, ба ӯ нигаред, — гуфт Олимбобо, саркор аз ханда худро базӯр дошта, — исту басташ нағма будааст-дия. Ба гумонам калон шавад, ширинкори цирк мешавад.
— Э, гӯр нақорачигимаш шавад, дар хона ягон тагора ё сатили сиҳат наммонд. Таги ҳамааш сӯрох, — лабханд кард Шарафнисо. — Нақорачӣ мешавам мегӯяд. Нақорачӣ-я!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё