Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

НАҚОРАЧӢ?

Ҷавлон баррача барин, вале бегамакак, аз кӯдакӣ фарбеҳакак, чун болин лӯнда буд. Мабодо гелад, то бегоҳ аз ҷояш хеста наметавонист. Ба замми ин чунон хоболуд ҳам буд, ки агар хобаш ояд, ҷумчаи ош дар даҳонаш мемонд. То гап назанед, овозашро намешунидед. Дар сараш чормағз шиканед ҳам, лабашро инҷ мекарду гирингаш намебаромад. Аз ин рӯ, модараш ӯро гоҳе «нусха» меномиду гоҳ «кулӯхи бачашм». Ана, ҳамин «кулӯхи бачашм» ба бачаҳои «шӯх» ҳамроҳ шуда, рӯзҳо бо бозӣ овора мешудагӣ, ҳатто хӯрокашро ҳам фаромӯш мекардагӣ шуда монд.

Рӯзе, пагоҳӣ Шарафнисо Ҷавлонро ба бозор фиристонд. «Сабзию пиёз хару тезтар баргард, меҳмонон меоянд», — гуфт модар.

Меҳмонон омаданд, модар ба дари ҳамсоя давид. Меҳмонон рафтанд, офтоб ҳам ғуруб карду торикӣ доман паҳн намуд. Аммо на аз сабзию пиёз дарак шуд ва на аз худи Ҷавлон. Модар ниҳоят хавотир шуд. Аз дилтангӣ аз дари хона то дари боғ беором рафтуо кардан гирифт. Ниҳоят қарибии хуфтан пайдо шуда омад.

— Ҳа, нусха, башараат саратро хӯрад, дар кадом гӯр будӣ?! — бо овози ларзон пурсид Шарафнисо.

— Дар ҳеҷ ҷо не, — хунсардона ҷавоб дод Ҷавлон.

— Ман чӣ гуфта будам?

— Ту чӣ гуфта будӣ?

— Магар меҳмон меояд нагуфта будам?

— Кадом меҳмон?

— Сабзию пиёзат канӣ? .

— Сабзию пиёзаш чӣ?

— Акнун ҳунатро мехӯрам! — Шарафнисо дар ғазаб шуда, аз паси Ҷавлон давид: Вале ӯ гурехт, ҳамон шаб дар хонаи холаш хобид. Рӯзи дигар холаш Бибиробиа ва язнааш Маҳмудбой-амак аз Шарафнисо илтимос карданд, ки гуноҳи писарашро бахшад.

Ҷавлон қариб як ҳафта аз реҷаи кашидан модараш набаромад. Аммо чӣ шуду чӣ монд, ки рӯзе боз ба хона дер монд. Ба даромадан тарсида, дар паси чайла меистод. Модари парешонхотир шитир-шитири чайларо шунида, чанд бор номашро ба забон гирифт:

— Ҷавлон! Ҳо-о, Ҷавлон!

Вале ӯ садое набаровард. Баъд аз андаке чайла боз шитир-шитир кард. Азбаски модараш эътибор надод,

пешина
аз 323
навбатӣ