Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

вай мисли қурбоққа куррос зад. Ин килиқашро низ модараш нағз медонист. Боре шабона холаи Ҷавлон овози қурбоққаро шунида, аз паси девор пурсида буд:

— Шарафнисо, ҳавз надоретону қурбоққа чӣ тавр пайдо шудааст? Ҳар шаб кӯр-кӯр мекунад. Боз овозаш чунон баланд, ки қурбоққаи нақшин барин.

— Килиги Ҷавлон-дия.

— Чӣ? Килиги Ҷавлон? «Бабу»-и гову гӯсола ҳам овози ҳамин буд магар?

— Кӣ мешуд? Аз дасти ин на гов мемонаду на хар.

— Гӯр киликаш шавад, — гуфт холаш бо оҳанги эътироз, — гову гӯсолаи кӣ бандро канда омадааст гуфта, тамоми шаб бо чароғ боғро такуру таку кардем. Язнааш як пори калӯшашонро гум карда омаданд. Ман бошам, рӯямро ба тут зада, қариб аз биниам ҷудо шуда будам.

... Ҷавлон боз куррос зад.

— Медонам, ту дар паси чайла, — гуфт модар. — Гуноҳро карда, боз ин нағмаат чӣ? Бас килик, ин ҷо биё!

— Намеравам, — бо овози ларзон ҷавоб дод Ҷавлон, ба дар наздиктар шуда.

— Чаро намеоӣ?

— Хунамро мехӯрӣ!

Шарафнисо худдорӣ карда натавониста хандид. Ҷавлон дар гардан нақора ва дар сар «будённовka»-и кӯҳнаю дарида даромад. Шарафнисо башараи пур аз чангу хоки Ҷавлонро дида, қоҳ-қоҳ зада хандид.

— Магар аз гӯлахи ҳаммом омадӣ?!

— Аз ҷанг.

— Чӣ? Аз ҷанг? Кадом ҷанг? — хавотиромез пурсид модар ранги рӯяш парида. — Бо кӣ ҷангидӣ? Бо касе ҷанг накун, ҷанг кунӣ, хунатро мехӯрам нагуфта будам, нусха?!

— Вай хел ҷанг не.

— Ҷанг гуфтӣ-ку?

— Охир, ҳамин хел ҷангбозӣ-дия. Ман нақорачӣ будам. Аскарҳои мо «душман»-ро зада пеш карданд. Сонӣ онҳо зӯр баромаданд. Баъд найзаҷанг шуд. Худи кӯчаҳо хок...

— Дар ҷанг нақора чӣ кор мекунад? — андак паст фаромад Шарафнисо, хотирҷамъ шуда. — «Одамро худо занад, нақорачӣ мешавад» мегуфтанд бобоят. Аз ӯҳ-

пешина
аз 323
навбатӣ