Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Хайр, беҳуда ташвиш накашед, — гуфт меҳмон қоҳ-қоҳ хандида, — ман аз назди Клава омадам, дугонааш мешавам. Мана, ин савғотиҳои ӯ. Узр хост, ки омада натавонист.
Мо дар як цех кор мекунем. Цехи онҳо ба вақти ғалаба гузаштагӣ. Ҳамаи коргарон аҳду паймони қатъӣ карданд, ки барои тезонидани ғалаба дуоменагӣ кор кунанд. Ҳар як коргар бояд ба ҷои ду кас кор кунад. Ман, ки бо коре омада будам, дидани шуморо илтимос кард.
Меҳмони дӯстрӯ ҳамагӣ ним соат бо ташрифаш сарфароз намуд.
То солҳои наздик мукотибаи ман бо Клава давом кард. Вай дар ҳар як мактубаш аз навигариҳои ҳаёти худ, ҳамкорон ва ҳамшаҳриёнаш менавишт. Аз ҷидду ҷаҳд, корнамоиҳои бемисли мардуми шаҳри Челябинск маро огоҳ менамуд. «Ҳама чун як тану ҷон, — менавишт ӯ, — барои як мақсад — тезонидани ғалабаи халқи советӣ қаҳрамонона меҳнат мекунем. Боварӣ дорем, ки соати ғалаба наздик аст. Он рӯз дур нест, ки ба киштии осоиштаи иқбол савор гашта, ба ҳамдигар меҳмон мешавем, аз дидори ҳамдигар сер гашта, ба ҳикояти сабаби дӯстии самимонаамон дӯстонамонро шод мегардонем».
МАШАИ МАН
Қабулгоҳи госпитад пур аз ярадорон. Пеш аз он, ки ярадоронро ба ҳаммом таклиф кунанд, мӯи сару ришашонро гирифта тоза мекунанд, баъд гурӯҳ-гурӯҳ гирифта медароянд. Аз ҳаммом баромада, курта ва эзори сафед мепӯшеду мувофиқи нишондод ба палатаҳои таъинкарда раҳсипор мегардед. Барои ин ҳамшираҳои тиббӣ махсус ҳастанд, ки роҳбалади шумо мешаванд.
Ярадорони сабукро тезтар гуселониданд. Мо, якчанд ярадорони вазнин, дар занбарҳои махсус беҳолу бедармон мехобидем. Гурӯҳи ҳамшираҳои тиббӣ водор буданд, ки ҳар яке моро саришта кунанд. Чӣ хел духтарон ва ҷавонзанони хушфеъл, боодоб! Гӯё махсус интихоб шуда бошанд! Агарчанде баъзе ярадорони шаккок шӯхиҳои бемаврид, ҳатто шармовар мекарданд, онҳо хафа намешуданд, баръакс бозори аскияро метафсонданд. Ҳамшираҳои шафқат либоси ярадоронро як-як кашидаю, сару рӯяшонро тоза карда ба ҳаммом гирифта медаромаданд. Ман ва боз як офицери дигар, ки аз ҳама вазнинтар будан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё