Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳеҷ кор, ки набаромади, накорачӣ карда мондаанд. Кошки дасту панҷаи ҷаққон дошта бошӣ.

— Тарафи «душман» зӯр баромад-дия. Сонӣ ману Саидҷон ҳам ба ҷанг даромадем. Набошад мо ба ҷанг намедаромадем.

— Саидҷони пойкашола?

— Ҳа. Вай таҷанкарон буд.

— Таҷанка?

— Ҳаминро ҳам намедонед? Та-ҷан-ка! Арабаи пулемёт гирифта мегаштагӣ.

— Ба ҳар дуи шумо — пойкашолаҳо ягон мансаби дуруст ҳам нарасидааст-дия. Хайр, биё, сару рӯятро шӯй, хӯрокатро хӯр. Ях барин шуд. Ту нағз мебинӣ гуфта, шавлаи зардолудор пухта будам.

Отряди чапаевчиён кайҳо вуҷуд дошт. Вале калонсолон «бозии бачаҳо» гуфта, дуруст эътибор намедоданд. Ана ҳамин «бозии бачаҳо» аз рӯзи саршавии ҷанг ба назар намуда монд. Мактаб ва ташкилоти комсомолӣ бо ин отряд ба таври ҷиддӣ машғул мешудагӣ гаштанд. Зеро кам ва чала бошад ҳам, бачаҳо аввалин таълимоти ҳарбиро дар ҳамин отряд гирифтанашон мумкин будааст. Интизом, роҳгардӣ, пӯшидани противогаз, қисмҳои милтикро меомӯзанд.

— Ашӯр-ако Чапаев шуд, — давом намуд Чавлон, ҷанги либосашро афшонда истода. — Каримҷон-ако комиссар Фурманов. Эргашбой, Неъматҷон ва Тоҷибой-ако командир. Эргашбой командири мо...

— Хайр, дигар бозӣ қаҳат шуд магар?— косаи хӯрокро рӯи дастархон гузошта гуфт Шарафнисо.— Ҷияти бад карда... Беҳтараш ба саҳро баромада пахта чинетон. Даҳ килограмм чинетон ҳам ҳарчӣ.

ҚОРИ ФОЙДАНОК

Дар рӯи ҳавлии мактаб бачаҳо дар се ҷой саф оростаанд. Онҳо аскарони отряди чапаевчиёнанд. Командирони взводҳо Эргаш, Неъмат ва Тоҷӣ ҳар кадом ба ҷанговарони взводҳои худ ҳолати низомӣ дода, ба назди минбар мераванд ва ба роҳбарон баёния медиҳанд.

— Рафиқ командири отряд, рафиқ комиссар, рафиқ директори мактаб! Ҷанговарони взводи якум ба иҷрои супориш тайёр! Командири взводи якум лейтенант Эргаш!..

— Бачаҳои азиз, ҷанговарони диловар! — муроҷиат

пешина
аз 323
навбатӣ