Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
намуди директори мактаб Урунова. — Шумо дар таҳсил, корҳои ҷамъиятӣ, ахлоқу одоб намуна ҳастед. Боварӣ дорем, ки дар меҳнат ҳам ибрат нишон дода метавонед. Ман хоҳиши шуморо ба правленияи колхоз расондам. Чапаевчиёни мо мехоҳанд, ки баъди дарс ба саҳро баромада пахта чинанд, гуфтам. Интимос карданд, ки аз номашон ба ҳамаи шумо ташаккур баён кунам. Ҳар килограмм пахтаи чидаи шумо як хиштест барои сохтмони бинои мӯҳташами коммунизм! Ба пеш, чапаевчиёни ҷасур!
Якбора оҳанги команда ва марш баланд шуд. Муҳиддин карнайчаю Чавлон нақораи худро навохта, дар сафи пеш қадам мезаданд. Ҳама монандӣ ҷанговарони ҳақиқӣ ба оҳанги марш чӯр карда, бо як зарб қадам мемонданд. Ашӯр ва Карим бо директор чизеро маслиҳат карданд. Старшина Абдулло дегу табақ, масолеҳи хӯроквориро ба ароба бор кард.
— Старшина Абдулло, ба назди ман биё! — фармонфармоёна гуфт Ашӯр. — Хӯрок расо соати яку нол-нол тайёр шавад! Агар ягон дақиқа дер шавад, ҷазо мегирӣ! Ҷазои сахт! Фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам, рафиқ Ашӯр-ако! — гуфту бениҳоят таъзим кард Абдулло.
— Баргард! — дарҳол амр кард командири отряд.— Аз нав такрор кун!
— Мебахшед, рафиқ командири отряд, — узрхоҳӣ намуд Абдулло ва аз нав бо тартиби ҳарбӣ даст ба чакка бурда гуфт: — Фаҳмидам, рафиқ командири отряд!..
Командири отряд! Ашӯр бачаи миёнақаду камгӯшт, гандумрангу фирӯзачашм буд. Лоғар бошад ҳам, ниҳоят симпай. Дар арғамчинкашак ду касро мекашид, дар гӯштингӣрӣ низ хеле зӯр буд. Лекин дар маҳалла ҳам, дар мактаб ҳам ҳама ӯро бачаи шӯх мегуфтанд. Ҳатто баъзеҳо муболиға мекунанд: «Ашӯр-мӣ? Ба замин занед, ба осмон хез мезанад!» Ба як ҳисоб онҳо рост мегӯянд. Ҳозир бинӣ, аз ин дарахт ба он дарахт хез зада мегардад, баъди андаке бинӣ ё дар болои бом, ё дар болои велосипед шамол барин рафта истодааст. Бисёр рӯзҳо саргарми бозӣ шуда, дарстайёркунӣ ҳам фаромӯш мешавад. Базӯр баҳои сею чор мегирад. «Панҷхон нашавам намемонам» мегӯяду ба бозӣ ки даромад, ба хотираш ҳам намеояд. «Не, ман муаллим намешавам, — мегуфт ӯ ҳамеша. — Командир мешавам. Командири калон!». Дар ҳақиқат, ба корҳои физкультура

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё