Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва спорт устухон надошт. Аз ин дарс ҳамеша баҳои панҷ мегирифт.
— Аъло нахонӣ, чӣ тавр командир мешавӣ?— мепурсид Карим. Дар омади гап бояд гӯем, ки Карим ҳам бачаи миёнақаду гандумранг, аммо нисбатан сиёҳтар ва фарбеҳтар, чашми гӯсфандӣ дорад. Ғайр аз ин, аз Ашӯр як сол калон ва як синф баланд, аллакай ба сафи комсомол даромадааст. Аввалҳо дар шӯхӣ Ашӯро бо як нӯл мегурезонд. Акнун бачаи хеле вазнин ва батамкин шудааст. Дирӯз ӯро дар маҷлиси комсомолӣ ҳам таъриф кардаанд. Худаш бомулоҳиза ва дар гапзанӣ усто. Фикраш нағз кор мекунад, муамморо тез ҳал карда метавонад.
— Чапаев оё ягон мактабро тамом карда буд?— пурсида буд Ашӯр. Карим ба ҷавоби ин савол душворӣ кашида, сарашро хорида буд...
Чапаевчиён аз бригадаи сеюм гузашта, ба сой наздик расиданд. Аз сой, ки гузаштанд бригадаи дуюм. Яъне пахтазорҳое, ки мунтазири дастони чапаевчиён!
— Рафиқ командир! — бо шитоб омада хабар дод командири взводи якум Эргаш, ки қомати баланд дошт.— Чавлон Бинӣ накораро ба ҳавои «Мошобаҷон, мошоба» навохта, қадаммони ҷанговаронро вайрон карда истодааст. Ғайр аз ин, найрангбозиҳо карда, ҳамаро механонад! Иҷозат диҳед...
— Ба буни гарданаш як мушт фурор! — фармон дод Ашӯр.
— Ҳой, Эргаш, назан! — розӣ нашуд комиссар Карим.— Ҳаргиз задан мумкин не!
— Задан чизе, дар армияи кӯҳна мезаданд-ку! — фармонашро такрор кард Ашӯр.
— Охир, ин армияи кӯҳна не, армияи Чапаев. Яъне армияи нав! — шарҳ дод комиссар Карим.
— Аз они Чапаев ҳам кӯҳна будагӣ, соати нав шудагӣ, — якравӣ кард Ашӯр, лабҳои маҳинашро пир-пир парронда.
— Рост, аскарҳояш ҳам аз армияи кӯҳна гурехтагӣ,— тарафдорӣ кард Эргаш.
— Аз халқ баромадагӣ. Армияи халқӣ. Худи Василий Иванович ташкил кардааст. Ба ӯ большевикҳо ёрӣ дода буданд.
— Дар ин ҷо ман командир! — мағрурона тасмаи ғафсашро тарангтар кашид Ашӯр.— Кӣ тартибро вайрон кунад, ҷазои сахт медиҳам! Фаҳмидед?!

пешина
аз 323
навбатӣ