Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чапаевчиён аз сой гузашта, ба оғӯши пахтазор даромаданд.
— Взвод! Исто! — командирони взводҳо мунтазири фармон истоданд. Сардори бригада Маҳмудбой-саркор онҳоро бо хурсандӣ пешвоз гирифт.
Тирамоҳ фасли ғалберро аз об бардоштан аст. Зану мард, пиру барно остин барзада, машғули чидани пахта буданд.
Манзараи саҳро ҳамаро мафтун месохт. Ҳанӯз ҳама ҷо сабзу хуррам. Фақат барги баъзе дарахтон зарду заъфарон шудаанд, ки онҳо дар байни дарахтони сабз мисли гулдастаҳо ба назар мерасиданд. Офтоби тирамоҳӣ гармии он қадар сӯзон надошта бошад ҳам, шабнами дар рӯи баргҳо бударо буғ карда, шохаҳоро бедор мекард. Насими форами серун мевазид. Қарсу куртаҳои сабзу сурх, гулнору бунафшаи чинакчиёнро алвонҷ медод.
Ашӯру Карим пешдоманҳои пуршударо бардошта, ба сари замин мебурданд ва ба канорҳо холл карда, пешдоманҳоро боз ба соҳибонашон бармегардонданд.
Баъд дар даруни пахтазор гардиш карда, ба сифати кори чинакчиҳо назорат менамуданд.
Ҳанӯз хӯроки нисфирӯзӣ напухта, шаш канори калон қомат рост кард. Сардори бригада Маҳмудбой-саркор аз кори бачаҳо хурсанд шуда, аз полиз як чувол харбузаи ширин овард.
— Раҳмат ба ҳамаатон, шермардҳо! Хайрият омадетон. Кошки як даҳ рӯзакак мадад мерасонидед. Имсол тирамоҳ барвақт мебарояд, мегӯянд. Пахтаро ба зери барфу борон намононда, тезтар ғундошта гирифтанамон даркор. Ҳой, Нурулло, ба суфаи калон чой кунетон, об пошетон! Инҳо ба дамгирӣ мебароянд! — ба чойхоначӣ муроҷиат кард Маҳмудбой-саркор.
— Парво накунед, саркорбобо,— ба гап ҳамроҳ шуд Эргаш.— Борон борад ҳам мечинем, барф борад ҳам!
— Гап дар ин ҷо, ки писарам, ҳамон барфу борон нашуда, пештар ғундошта гирифтан даркор.
— Майлаш, саркорбобо,— гуфт комиссар Карим,— то аз қафомонӣ баромадани бригадаатон аз ин ҷо намеравем!
— Машқ чӣ мешавад?
— Ба вай ҳам вақт меёбем!
Чапаевчиён рӯз дар миён баъди дарс машғулияти ҳарбӣ мегузарониданд. Карим дар бораи устав машғулият мегузаронд, Ашӯр дар бораи роҳгардӣ. Муаллим

пешина
аз 323
навбатӣ