Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҳмадов милтиқ ёд медод, дар бораи сарлашкарони машҳур ҳикоятҳо менамуд. Лекин кори мавсимии колхоз авҷ гирад, ин машғулиятҳо ба вақти дигар мемононданду ба бригадаҳои қафомонда ёрӣ мерасониданд. Ҳамин тариқ, онҳо кори бошарафи худро аз бригадаи дуюм сар карданд.

Ҳар кадоми сию шаш нафар чапаевчиён ба ҳисоби миёна чилу чор килограммӣ пахта чида, ба хирмани бригада рехтанд.

Рӯз бегоҳ шуд. Офтоб ғуруб карда, сари кӯҳҳои атрофро ба мисли тоҷи арӯсон нақшин кард. Насими форам ҳам мевазид. Колхозчиён чангу хоки сару рӯяшонро афшонда, гурӯҳ-гурӯҳ ба аробаю фургонҳо савор шуда, роҳи деҳаро пеш гирифтанд.

— Взво-о-д! Саф каш!!! — аз се тараф фармони командирон шунида шуд.

Ҷанговарон ба тартиби взводҳои худ саф оростанд.

— Ғайр, аз як нафар, ҳама дар ҷояш! — рапорт дод командири взводи якум Эргаш бо табъи хира.

— Кӣ нест?! — пурсид командири отряд.

— Чавлон Бинӣ!..


Чавлон одатан ё бо ягон кас чақ-чақ карда менишаст, ё дар ягон кунҷ хобаш бурда мемонд. Ин дафъа ҳам командири отряд фармон дод, ки аз таги замин бошад ҳам, ёбанду тамомом.

Бачаҳо пахтазор, ҷӯю заҳбурҳо кофтуков карда, аз Чавлон дарак наёфтанд. Абдувоҳид маслиҳат дод, ки даруни ҷуворипояро ҷустуҷӯ кунанд.

— Чавлон пояҳоро дӯст медорад. Шояд дар ягон гӯша пояи ширини ҷувориро хонда нишаста бошад, — гуфт ӯ.

— Поя мехоям гуфта, эҳтимол хобаш бурда монда бошад, — гуфт Муҳиддин.

— Рост мегӯӣ, вай бандаи хобку. Даҳ кило ҳам пахта начидааст, — илова кард Неъмат. — Рехтагиҳояшро мечинам гуфта, ба қафо мемонаду баъд фурсате нагузашта, хуррокаш ба осмон мепечад. Борҳо ин тавр накун, ҳеҷ набошад, камтар кор кун, гуфта ҷанг кардем. Сад бор тавба мекунаду боз кораш хоб.

— Дар бедориаш ҳам пахтачинӣ куҷо? Исту бисташ нағма. «Мани уволро кор нафармоед. Духтур маро кор накун, гуфтааст. Шумо пахта чинед, ман шумоënро

пешина
аз 323
навбатӣ