Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

хандонда рӯҳбаланд мекунам» мегӯяд, — бо завқ хандид Абдувоҳид.
Қарор доданд, ки ба ҷуворипоя даромада, аз як сар кофтуков кунанд. Вақте ки онҳо ба ҷуворипоя наздик шуданд, ногоҳ шитир-шитири баргҳо ба гӯшашон расид.
— Ана, дар ҳамин ҷо! — фарёд кард кадоме.
— Дод назан, мумкин ягон чизи дигар бошад, — бо овози паст таъкид кард Неъмат.
Баробари он, ки бачаҳо як-ду қадам ба дарун даромаданд, садои бадҳайбати саге ҳамаро тарсонд. Овози ғафс ҳар қадар баландтар мешуд, бачаҳо ҳам қадам ба қадам ақибнишинӣ мекарданд.
— Истед! — бачаҳоро огоҳ намуд Тоҷӣ ва бо овози базӯр шунаво гуфт: — Хомӯш шаведу худро рафтагӣ вонамуд кунед. Як сир ҳаст дар ин ҷо.
Бачаҳо бардурӯғ магал бардоштанд:
— Бало ба пасаш!
— Рафтем! — «Барои чӣ кофтуков мекунем?», «Ба мо чӣ?», «Чӣ шавад, ба худаш», «Лекин ҷазои сахттар додан даркор!», «То кай фиребу найранг мекунад?»
Магал торафт паст шуд, садои бадҳайбати саг ҳам хомӯш гашт. Тоҷӣ панҷоҳ-шаст қадам онсӯтари ҷуворипоя рафта, сониян ба овози саг тақлид карда садо баровард. Аз даруни ҷуворимакка «саг»-и дигар овоз дода, нӯла кашид. Тоҷӣ ҳам такрор кард. Баъд Тоҷӣ ба бачаҳо ишора кард, ки ба ҷуворипоя «ҳуҷум» кунанд.
Фурсате нагузашта, Чавлонро «дастгир» карданду ду дасташро аз пушташ баста, монандӣ асир пеш гирифта омаданд. Бачаҳо пикир-пикир хандиданд. Чавлон бо сари хам помидор барин сурх шуда, бо нӯги пояш замин хат кашидан гирифт.
— Чим, бачаҳо! — фармон дод командири отряд.
— Куҷо будӣ? — пурсид Карим.
— Дар ҳеҷ ҷо не, — хунсардона ҷавоб дод Чавлон.
— Росташро гӯй, ҷанговар дурӯғ намегӯяд! — таъкид кард Карим.
— Рост гуфтам.
— Устави ҳарбиро медонӣ? — пурсид Карим.
— Медонам, чаро надонам?
— Фармони командир барои аскар чист? — боз пурсид Карим.
— Қонун.

пешина
аз 323
навбатӣ