Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Чаро вайрон кардӣ?.. Чаро итоат nakapgӣ?
— ...
— Ман аз ту пурсида истодаам! Чаро фармони командирро иҷро nakapgӣ? — пурсид комиссар. Аммо ҳа-маи ҳозирон коҳ-коҳ зада хандиданд. Карим дар ҳи-ҷолат монда, сурх шуд.— Барои чӣ механдед? Ин ҷо барои шумо масхарабозӣ аст, магар?!
— Охир, вай гӯшашро ҷунбонда истодааст. Ба вай нигаред, ба вай нигаред! Ана, ана! Дидед? Чӣ хел намехандад кас?— гуфтанд якбора чанд нафар ҷанг-товар. Баъзеҳо овоз набароварда механдиданд.
Дар ҳақиқат, Чавлон ҳайкал барин рост истода бо-шад ҳам, ду гӯшаш кабӯтар барин бол мезад. Аз ин пеш ҳам кай Чавлон ҳамин тавр хомӯш истад, бача-ҳо ё ба гӯшаш менигаристанд, ё ба сараш. Зеро пӯсти сару пешониашро низ ҷунбонда, токиашро пешу қафо оварда метавонист. Э, нағмаҳои бисёре дошт Чавлон.
— Аз накорачигӣ холӣ кардан даркор!
— Аз сафи чапаевчиён баровардан лозим!
— Чаро? Наряд додан даркор, халос!
— Чаро наряд? Чаро гауптвахта не?! — пасу пеш овоз бароварданд бачаҳо.
— Беҳуда мағал набардоред! — ба тартиб даъват намуд Карим.— Наход то ҳол надонед? Дар армия ба-рои ҷазо додан маслиҳат намекунанд. Ҳар як коман-дир ҳақ дорад ба зердастони худ ҷазо диҳад. Магар уставро фаромӯш кардед? Пагоҳ аз устав аз сари нав имтиҳон мегирем!
— Илтимос, ӯро аз взводи ман гиред, ба ман дар-кор не, ин хел ҷангovar, — эътироз кард Эргаш.— Нағ-заш ба взводи Тоҷибой диҳед. Аз вай метарсад.
— Илтимос, маро ба ихтиёри Тоҷибой-ако нади-хед! — зорӣ кард Чавлон.
— Чаро?— пурсид Ашӯр.
— Вай бераҳм аст, гӯшамро сахт метобад,— гуфта беихтиёр дасташро ба гӯш бурд Чавлон.— Ба бу-гуми гарданам ҳам мезанад!
Ҳама пик-пик хандиданд.
— Хомӯш! — гуфту ба командир рӯ овард Карим. Ашӯр ба Чавлон рӯ оварда, бо оҳанги фармонфармоё-на гуфт:
— Се наряд! Ҳар рӯз баъди дарс якрӯза нормати пахтачиниро иҷро мекунӣ. Натавонӣ, шабона мечинӣ!
— Ҳа, хуб, ако. Чиндан бошад ҳеҷ гап не,— даст афшонд Чавлон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё