Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аз як пой маҳрум буд, бо багаласо роҳ гашта метавонист.

Пас аз он ки комиссар хушхабари ногаҳонӣ расонд, Шарифҷонро наздам чег задам.

— Ба ман хабар доданд, ки гӯё хоҳарам омада бо-шад. Вале боварӣ надорам, ки аз ҳамон қадар роҳи дур оянд. Шояд, хоҳари шумо бошад? Шумо ҳам Содиқов-ку, — гуфтам ба ӯ.

— Э, хоб дидаед, онҳо чӣ тавр омада метавонанд? — хандид Шарифҷон, — Замони ҷанг, роҳи дур, ин ҷо як кунҷи дунё бошад...

— Ба ҳар ҳол, ҷӯраҷон, шумо бемалол роҳ гашта ме-тавонед, — илтиҷо кардам, — як поён фаромада, хабар гиред.

Шарифҷон зуд баргашт ва бо шӯхии ба худ хос, бо оҳанги ҳазл гуфт:

— «Хоҳар»-и худатон кофта омадаасту маро пурсида гаштааст. Нағзаш ба пешвози меҳмон тайёр шавед.

— Шӯхӣ накунед, киро мепурсидааст?

— Як русдухтар. Аз Челябинск омадааст. Шуморо мепурсад. Ҳарчанд гӯям, ки Содиқов манам, бовар намекунад. «Шумо не, ман ӯро нағз мешиносам» мегӯяд. Ба назарам аз ҷигар расидагӣ барин, — коҳ-коҳ хандид Шарифҷон.

— Ҳа, — гуфтам, — ин Клава бояд бошад.

— Ана, ман нагуфтам, «хоҳар»-и худатон. Боз худро ба нодонӣ мезанед-а!

— Гӯед, иҷозат диҳанд, дарояд.

Аз дур духтари тахминан бистсола, миёнақаду камгӯшт, тешаманаҳу тӯтибинӣ намоён гашт. Чашмони осмоннию мӯи фатила дошт ӯ. Аз болои пальтои камфаҳтаи сурхи қирмизӣ халати сафед пӯшидагӣ, дар дасташ кимчиҳои коғазпеч. Ман ӯро нобоварона пешвоз гирифтам.

— Салом! — гуфт ӯ, бо таклифи ман ба ҳараки дар рӯ ба рӯ буда нишаста ва коғазпечро рӯи сандуқча гузошт. — Ҳайронед? Нашинохтед? Ман — Клава.

— Не, — гуфтам, — шумо Клава нестед.

— Аз куҷо медонед, ки ман Клава нестам?

Ҳайрон шудам. Чӣ гуфтанамро надонистам. Охир, расми фиристодаи ӯ тамоман дигар хел. Шубҳа кардаму номаълум китоб варақ задам, ки суратро ёфта, оҳиста таккос кунам. Одам саросема шавад, нафақат чизи кофтаашро ёфта наметавонад, балки худашро ҳам гум мекунад. Дар назди меҳмон чунон музтар шудам, ки мондан гиред.

пешина
аз 323
навбатӣ